Дар Конибодом масъалаи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандро баррасӣ намуданд

0
164

Дар Конибодом масъалаи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандро баррасӣ намуданд

ДУШАНБЕ, 24.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Рафтору кирдори хонандагон, хониши онҳо, иштироки онҳо дар дарс, худдорӣ аз оворагардӣ, тарзи муошират, истифодаи телефонҳои мобилӣ, даст назадан ба ҷинояткорӣ, аз ҷониби падару модарон зери назорати доимӣ  қарор гирифтани фарзандон ва рафтори онҳо — ҳамаи ин уҳдадориҳоро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба дӯши волидайн вогузор намудааст. Доир ба шаҳри пурраи ин мавзӯъ дар Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии саноати дӯзандагӣ»- и шаҳри Конибодом бо иштироки намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, соҳаи тиб, кормандони муассиса ва падару модарони таълимгирандагон мулоқот баргузор гардид.

Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Ҳадаф аз баргузории ҳамоиш баланд бардоштани савияи дониш ва таълиму тарбияи фарзандон, инчунин баррасии масъулияти волидайн дар ин самт арзёбӣ гардид.

Зикр гардид, ки падару модарон вазифадоранд ба рафтори фарзандонашон диққати ҷиддӣ диҳанд, зеро тарбия аз оила оғоз мешавад ва рафтору гуфтори волидайн барои фарзанд бояд намунаи ибрат бошад.

Зимни мулоқот намояндаи Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим оид ба навъи нави коронавируси COVID-19 ва пешгирӣ аз ин беморӣ маълумоти мушаххас дода, зикр намуд, ки ҳарчанд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин намуди беморӣ то имрӯз ба қайд гирифта нашудааст, вале мо набояд аз ин фориғбол гардем.

Зикр шуд, ки мо бояд имрӯзҳо тибқи дастуру  ҳидоятҳои Сарвари давлат  амал намуда, дар чунин шароит ва хусусан, дар ин моҳи муборак  ба қоидаҳои беҳдоштӣ дар хона, маҳалли зист, ҷойи кор ва ҷойҳои ҷамъиятӣ бештар диққат дода, барои ҳифзи саломатии худ, аъзои хонавода ва аҳли ҷомеа талош варзем.

Бинобар ин ҳамаи моро зарур аст, ки баҳри солимии ҷомеа қоидаҳои ҳатмии беҳдоштиро ҳангоми сулфаю атса задан, пеш аз омода намудани хӯрок, истеъмоли ғизо ва корҳои ҷисмонӣ риоя намоем.

Источник: khovar.tj