Дар Киев ҷаласаи панҷуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Украина баргузор гардид

0
127

Дар Киев ҷаласаи панҷуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Украина баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 06.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. 3-4 март дар шаҳри Киев ҷаласаи панҷуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Украина оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ҳайати Тоҷикистонро муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Тоҷиддин Ҷӯразода ва ҳайати Укаринаро муовини вазири рушди иқтисод, тиҷорат ва кишоварзӣ Тарас Качка роҳбарӣ намуданд.

Дар ҷаласа ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши ҳамкорӣ байни ду давлат дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, энергетика, саноат, нақлиёт, кишоварзӣ, маориф, сайёҳӣ ва масоили дигари мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ гардиданд.

Дар поёни нишаст Протоколи ҷаласаи панҷуми Комиссияи мазкур ба имзо расид.

Акс аз сомонаи ВКХ ҶТ

Источник: khovar.tj