Дар Кӯшониён Рӯзи байналмилалии занону духтарон дар илм таҷлил гардид

0
120

Дар Кӯшониён  Рӯзи байналмилалии  занону духтарон дар илм      таҷлил гардид

ДУШАНБЕ, 06.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи  энергетикии Тоҷикистон  дар ноҳияи  Кӯшониё 6 феврал конфронси  вилоятӣ  бахшида ба Рӯзи байналмилалии занон ва духтарон дар  соҳаи илм  барпо гардид. Дар кори  он  муовини вилояти Хатлон  Фируза Бурихонзода ва раиси ноҳияи Кӯшониён  Икромиддин Вализода  иштирок  намуданд.

Зикр гардид, ки  илм ва баробарии  зану мард унсурҳои ҷудонопазири ноил гаштан ба ҳадафҳои  рушд мебошанд, аз ҷумла,  он барномаҳое, ки дар рӯзномаи  пешрафти   устувори соли  2030  омадаанд. Тӯли 15 соли охир  ҷомеаи ҷаҳонӣ бо ҷалби занону духтарон дар илм ба комёбиҳои назаррас ноил гардид. Бо вуҷуди ин, занону духтарон то ҳанӯз дар ин ҷода ба маҳдудиятҳо дучор меоянд.

Дар  умум,  дар вилояти Хатлон ҳоло 66  олима фаъолият доранд.

Дар Кӯшониён  Рӯзи байналмилалии  занону духтарон дар илм      таҷлил гардидБояд зикр намуд, ки солҳои 2020-2040 дар Тоҷикистон «Биссолаи  омӯзиш ва рушди илмҳои табиӣ, дақиқ ва метематика дар соҳаи илм ва маориф» эълон  шудаанд.  Аз ин рӯ, барои  ҷалби бештари занону духтарон  ба  омӯзиши илмҳо  тадбирҳои иловагӣ андешида мешаванд.

Дар ҷараёни конфронс олимаҳо  аз донишгоҳҳои Бохтар, Кӯлоб ва ноҳияи Данғара  маърӯзаҳо манзур намуданд.

Тавре Фирӯза Бурихонзода иброз дошт, шумораи заноне, ки машғули корҳои илмиянд, сол аз сол меафзояд. «Ин шаҳодати он аст, ки роҳбарияти мамлакат ба нақши занон  дар ҷомеа  таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд»,- гуфт ӯ.

Дар ҷамъбасти  конфронс олимаҳои хизматнишондода бо ифтихорномаҳо қадрдонӣ гардиданд.

Ёдрас мешавем, ки Рӯзи байналмилалии  занон ва духтарон дар соҳаи илм ҳамсола 11 феврал ҷашн гирифта мешавад.

Источник: khovar.tj