Дар Италия бар асари коронавирус 11 нафар фавтида, 325 каси дигар сироят ёфтаанд

0
130

Дар Италия  бар асари  коронавирус 11 нафар фавтида, 325 каси дигар сироят ёфтаанд

ДУШАНБЕ, 27.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Италия шумораи  беморони аз коронавирус фавтида ба 11 нафар расида, дар 325 нафари дигар ин беморӣ зоҳир гашт. Тавре рӯзи чоршанбе  рӯзномаи Il Messaggero   менависад, аз бист  вилояти Италия он  дар нуҳтояш  ҳолатҳои  сироятёбӣ  ба қайд гирифта шудаанд.

Чун пештара  шумораи бештари сироятёфтагон — 240 нафар  дар  шимоли Ломбардия зиндагӣ доранд, ки он охири ҳафтаи гузашта маркази хуруҷи ин беморӣ гардида буд. Рӯзи сешанбе боз се нафари дигар дар Сисилия, дар Палермо сироят ёфтанд. Аз ҳамин сабаб, маъмурияти маркази ин минтақаи ҷазиравӣ тасмим гирифт, то мактабҳоро барои тамиз кардан муддати се рӯз банданд.

Ҳукуматдорон инчунин мунтазири тасдиқи бемории нахустин дар минтақаи Марк ҳстанд, аммо моқомоти онҷо аллакай  то 4 март бастани мактабҳо ва бекор сохтани тамоми чорабиниҳои оммавиро фармоиш додаанд.

Чунин тасмим танқиди ҳукумати марказиро ба миён овард. Тавре  агентии ANSA  бо истинод ба манбаъҳои қасри ҳукуматии Киджа хабар медиҳад, чунин қарорҳои мақомоти минтақавӣ «ба хатти умумӣ»-и  ташаннуҷ  нанамудани вазъ дар ҷойҳое, ки хатари паҳншавии вирус нест, мувофиқат намекунад. Рӯзе қабл сарвазир    Ҷузеппе Конте   қарори бастани  мактабҳоро  дар минтақаҳое, ки  хуруҷи беморӣ  мавҷуд нест, «беасос» номид.

Ҳамагӣ 10 шаҳри Ломбардия дар наздикии Лоди ва як шаҳри  дар ҳамсоягии Венето ҷойгир пурра дар карантин қарор доранд. Дар панҷ вилоят, аз ҷумла Ломбардия,  Венето, Эмилия-Романия, Лигурия, Фриули-Венетсия-Ҷули, ба таври ҷиддӣ чораҳои карантинӣ амал карда,   ҳамзамон тамоми осорхонаҳо, театрҳо, кинотеатрҳо, толорҳои варзишӣ ва муассисаҳои фароғатӣ  баста шуда, чорабиниҳои оммавӣ бекор карда шудаанд.

   Акс аз бойгонӣ 

Источник: khovar.tj