Дар Ҳисор озмунҳои «Либоси миллӣ — симои миллӣ» ва «Хушдомани беҳтарин» сурат гирифтанд

0
231

Дар Ҳисор озмунҳои «Либоси миллӣ — симои миллӣ»  ва  «Хушдомани беҳтарин» сурат гирифтанд

ҲИСОР, 09.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар тарабхонаи Қалъаи Ҳисори шаҳри Ҳисор бо мақсади дар амал татбиқ намудани «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»,  баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, арҷгузорӣ ба арзишҳои волои суннати ниёгон, ҳифзи урфу одатҳои миллӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, таҳкими заминаи мусоид барои оилаҳои ҷавон, пешгирии амалҳои номатлуб  ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани солҳои 2019 – 2021 озмунҳои шаҳрии «Либоси миллӣ-симои миллӣ» ва «Хушдомани беҳтарин» баргузор гардиданд. 

Дар озмунҳои мазкур фаъолзанони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, оилаҳои намунавӣ ва духтарони ҷавон фаъолона иштирок намуда, ҳунарҳои дӯзандагию пазандагии хешро ба маъраз гузоштанд.

Мудири бахши кор бо занон ва оилаи  шаҳри Ҳисор Миҷгона Каримова зикр намуд, ки озмунҳои мазкур ба хотири ҷонибдорӣ аз дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии фарҳангу анъанаҳои миллӣ, пайдо намудани ҳунармандони асил, мустаҳкам гардонидани пояҳои оила ва муносибатҳои оилавӣ, ободу зебо ва озода намудани маҳаллаҳою симои шаҳр гузаронида шуданд.

Ҳайати ҳакамони озмун, ки аз фаъолзанони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, шуъбаи кор бо занон ва оила дар якҷоягӣ бо Шӯрои ҷамъиятӣ дар назди шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Ҳисор  иборат буданд, ба ҳунарнамоии бонувон баҳои баланд доданд.

Дар Ҳисор озмунҳои «Либоси миллӣ — симои миллӣ»  ва  «Хушдомани беҳтарин» сурат гирифтандДар Ҳисор озмунҳои «Либоси миллӣ — симои миллӣ»  ва  «Хушдомани беҳтарин» сурат гирифтанд Дар Ҳисор озмунҳои «Либоси миллӣ — симои миллӣ»  ва  «Хушдомани беҳтарин» сурат гирифтанд Дар Ҳисор озмунҳои «Либоси миллӣ — симои миллӣ»  ва  «Хушдомани беҳтарин» сурат гирифтанд

Источник: khovar.tj