Дар Ҳисор аёдати собиқадорони меҳнат ба ҳукми анъана табдил ёфтааст

0
170

Дар Ҳисор аёдати собиқадорони меҳнат  ба ҳукми анъана табдил ёфтааст

ДУШАНБЕ, 24.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар радифи боздид аз ҷараёни корҳои бунёдкорию созандагӣ  дар маҳаллаву деҳоти шаҳри Ҳисор дар доираи  эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода бо вазъи зиндагии собиқадорони соҳаҳои матбуот, тиб, маориф, кишоварзӣ  ва саноатии  шаҳр шинос гардида, бо собиқадорони меҳнат Рӯзибой Шарифов, Маҳмурод Ашӯров, Абдураҳмон Табаров, Фармон Ҷумъаев, Нурулло  Ёров, ки солҳои тӯлонӣ зимни  фаъолияти пурсамари худ дар рушди соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти  мамлакат саҳми муносиб гузошта, инчунин садҳо нафар шогирдонро ба камол расонидаанд, мулоқоти судманд анҷом дод.

Собиқадорони меҳнат аз раванди корҳои бунёдкорию созандагӣ  дар мамлакат таҳти сарварии  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  шукргузорӣ   намуда, даст ба дуо бардошта, изҳор доштанд, ки ҳар фарди ватандӯстро мебояд дар роҳи ободии Ватан дучанд талош   ва меҳнат намуда, ба Ватану миллат содиқ бошанд.

Аёдати собиқадорони меҳнат, мардони рӯзгордидаву соҳибмақом дар шаҳри Ҳисор ба ҳукми анъана ва ба як самти муҳими фаъолияти сохторҳои маҳаллӣ табдил ёфтааст.

Бо тарғиби рӯзгори чунин мардони арсаи меҳнат метавон насли наврасу ҷавонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносию худогоҳии миллӣ ва шинохти арзишҳои муқаддаси соҳибистиқлолӣ ба камол расонд.

Источник: khovar.tj