Дар яке аз бонкҳои Тоҷикистон ба пӯшидани ҳиҷоб иҷозат доданд

0
252

Дар яке аз бонкҳои Тоҷикистон ба пӯшидани ҳиҷоб иҷозат доданд

Мақомоти ин бонк таъид кардаанд, ки ҳукумати Тоҷикистон ба кормандони зани ин бонк иҷозатномаи пушидани ҳиҷобро иҷозат додааст

ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Мақомоти Тоҷикистон ба кормандони зани нахустин бонки исломии ин кишвар мавсум ба Тавҳидбонк иҷоза додаанд, ки бо ҳиҷоб дар маҳалли кор ҳозир шаванд.

Мақомоти ин бонк таъид кардаанд, ки ҳукумати Тоҷикистон ба кормандони зани ин бонк иҷозатномаи пушидани ҳиҷобро иҷозат додааст.

Ин дар ҳолест, ки бар асоси муқаррароти ҳукумати Тоҷикистон, кормандони зани дигар бонкҳои ин кишвар бояд либоси ҳамшакл дошта бошанд, ки рӯймол шомили ин пӯшиш нест.

Ба гуфтаи масъулони Тавҳидбонк 80 дарсади кормандони ин ниҳоди молӣ зан ҳастанд.

Нахустин бонки исломӣ дар ин кишвар мавсум ба Тавҳидбонк моҳи сентябри соли 2019 аз Бонки миллии Тоҷикистон иҷозатномаи фаолият дарёфт намуд.

Мақомоти иқтисодии Тоҷикистон муътақиданд, ки оғози фаолияти Тавҳидбонк заминаи ҷазби сармояи хориҷӣ ба вижа аз кишварҳои исломӣ ва ифтитоҳи бонкҳои навро, ки бар асоси шариати ислом кор мекунанд фароҳам месозад.

Источник: sputnik-tj.com