Дар як садамаи нақлиётии фоҷиабор дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ 8 нафар ба ҳалокат расиданд

0
150

Дар як садамаи нақлиётии фоҷиабор дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ 8 нафар ба ҳалокат расиданд

ДУШАНБЕ, 27.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар як садамаи нақлиётии фоҷиабор дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ, мутаассифона, 8 нафар ба ҳалокат расидаанд. Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ҳодисаи фоҷиабор 25 апрели соли 2020, тахминан соати 12:00 ба амал омадааст. Ронандаи мошини тамғаи «Мерседес-Бенс» Манучеҳр Шокиров, соли таваллудаш 1989, сокини Ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Зафаробод ҳангоми ҳаракат аз шаҳри Истаравшан ба самти шаҳри Хуҷанд, дар километри 245-уми роҳи мошингарди Душанбе-Чанок аз уҳдаи идора намудани воситаи нақлиёт набаромадааст. Ӯ ба самти муқобили роҳ баромада, ба мошини  тамғаи «Опел-Вектра» таҳти идораи Бахтиёр Хоҷамуродов, соли таваллудаш 1983, сокини ноҳияи Зафаробод бармехӯрад.

Дар натиҷа, ронандаи мошини тамғаи «Мерседес-Бенс» М. Шокиров ва мусофиронаш Бахтиёри Бойназар, соли таваллудаш 1989, Фарҳод Муродов, соли таваллудаш 1990, Далер Пулотов, соли таваллудаш 1994- сокинони шаҳри Гулистон, инчунин ронандаи мошини тамғаи «Опел-Вектра» Б. Хоҷамуродов ва мусофиронаш- Қурбон Турдиев, соли таваллудаш 1973, Уммат Сангинов, соли таваллудаш 1962, Алишер Ҳайдаров, соли таваллудаш 1997, сокинони ноҳияи Зафаробод ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Аз рӯи ин ҳодиса корҳои тафтишӣ идома доранд.

Источник: khovar.tj