Дар Хуҷанд 35 тонна маҳсулоти ба талаботи меъёрҳои беҳдоштӣ ҷавобгӯ набуда нобуд карда шуд

0
183

Дар Хуҷанд 35 тонна маҳсулоти ба талаботи меъёрҳои беҳдоштӣ ҷавобгӯ набуда нобуд карда шуд

ДУШАНБЕ, 11.12.2019. /АМИТ «Ховар»/.  Дар партовгоҳи шаҳри Хуҷанд аз ҷониби сохторҳои Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Суғд беш аз 35 тонна маҳсулоти доруворӣ, хӯрокӣ, ширинӣ, хокаи шустушӯии пастсифат ва муҳлаташ гузаштаю ба талаботи меъёрҳои беҳдоштӣ ҷавобгӯ набуда нобуд карда шуданд.

Давоми 11 моҳи соли равон аз ҷониби кормандони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Хуҷанд аз марказҳои савдо ва нигоҳдошти молу маҳсулот беш аз 24 ҳазор килограмм маводи хӯрокии пастсифат ва муҳлати истифодаашон гузашта мусодира гардид.

Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд иттилоъ доданд, имрӯзҳо аз ҷониби кормандони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳр баҳри иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти давлат дар самти таъмини назорати бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ ва пешгирии бемориҳои гуногуни сироятӣ, ҳамчунин гирифтани роҳҳои ба тариқи қочоқ вориднамоӣ ва ба фурӯш баровардани маҳсулоти пастсифати ба саломатии сокинон зараровар пайваста тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд.

Мисоли равшани он ин аст, ки танҳо давоми ду моҳи охир аз ҷониби кормандони Марказ аз анборҳову марказҳои тиҷоратии маркази вилоят 1094 килограмм маводи хӯрокӣ, 2400 килограмм маводи хокаи шустушӯӣ дарёфт ва аз фурӯш боздошта шуданд.

Ба иттилоъ манбаъ, ин миқдор маҳсулот ба қаламрави вилоят асосан ба воситаи қочоқ ворид гардидааст. Баъди аз ҷониби мутахассисони Марказ гузаронидани корҳои тарғиботию фаҳмондадиҳӣ соҳибкорон ва ширкатҳо ихтиёран маводи муҳлатгузаштаро бо мақсади нобуд кардан ба Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳр супориданд. Баъди хулосаи судии мақомоти дахлдор, маводу маҳсулоти ҷамъоваришуда  дар минтақаи партовҷамъкунии шаҳри Хуҷанд бо роҳи сӯзонидан нобуд карда шуданд.

Источник: khovar.tj