Дар Хоруғ ба шарафи Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳ маҷлиси тантанавӣ ва мусобиқаҳои варзишии ҳарбӣ баргузор гардиданд

0
219

Дар Хоруғ ба шарафи Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳ маҷлиси тантанавӣ ва мусобиқаҳои варзишии ҳарбӣ баргузор гардиданд

 ХОРУҒ, 22.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар толори Ташкилоти ҷамъиятии  мададгори мудофиаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  бахшида ба 27-юмин солгарди таъсиси Артиши миллӣ бо ширкати омӯзгорони фанни дифои ҳарбӣ ва хонандагони синфҳои болоии  муассисаҳои таълимии шаҳри Хоруғ маҷлиси тантанавӣ ва мусобиқаҳои варзишии ҳарбӣ баргузор гардиданд. Яке аз ҳадафҳои асосии ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа — ин омода кардани наврасону ҷавонон ба хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ мебошад ва барои дар амал татбиқ намудани ин ҳадафи худ ҳамеша ба омӯзгорони дифои ҳарбӣ такя мекунад.

Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа яке аз ташкилотҳои бонуфузи мамлакат буда, ҳадафи аслии он дар рӯҳияи ҳарбию ватандӯстӣ тарбия намудани насли наврас мебошад.

Роҳбари ташкилот Зафар Давлатов омӯзгорони фанни дифои ҳарбии муассисаҳои таълимии шаҳрро бо фарорасии Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат табрик намуда, изҳор дошт, ки “нақши Артиши миллӣ дар ҳифзу таҳкими Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон басо бузург аст. Афсарону сарбозони далери ватан дар ин солҳо ҳам марзу буми давлатамонро ҳимоя мекарданд, ҳам бо неруҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ мубориза мебурданд ва ҳам дар риояи тартиботи ҷамъиятӣ саҳм мегузоштанд.

Дар Хоруғ ба шарафи Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳ маҷлиси тантанавӣ ва мусобиқаҳои варзишии ҳарбӣ баргузор гардидандАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ бахшида ба 25-солагии таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таърихи таъсиси Артиши миллӣ ёдоварӣ намуда, баён доштанд, ки «мақсади асосӣ  аз таъсис додани  Артиши миллӣ ташкили неруи ҳарбие буд, ки ба ҳифзи истиқлолияту озодии мамлакат қодир бошад ва якпорчагиву тамомияти арзии онро таъмин намояд. Гузашти солҳо нишон дод, ки бо шарофати далериву шуҷоат ва фидокориву ҷоннисориҳои хизматчиёни ҳарбӣ-фарзандони бонангу номуси Ватан дар мамлакат ҳокимияти қонунӣ барқарор гардида, барои сулҳу суботи устувор заминаи мустаҳкам фароҳам оварда шуд».

Раиси Ташкилоти мададгори мудофиаи вилоят гуфт, ки дар айни ҳол Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ дар минтақа яке аз неруҳои тавоно ва муқтадир ба ҳисоб рафта, инро дар бисёр машқҳои муштараки байналмилалӣ собит кардаанд. Ташкилоти вилоятии мададгори мудофиа дар ҳамдастӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва муассисаҳои таълимӣ кӯшиш мекунад, ки синфхонаҳои дифои ҳарбиро бо силоҳҳои машқӣ, плакату дастурамалҳои соҳавӣ муҷҷаҳаз гардонад, то минбаъд  ҷавонони синни даъватӣ ба хизмати Ватан бо омодагии комил раҳсипор гарданд.

Пас аз ҷаласаи тантанавӣ байни хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таълимии шаҳри Хоруғ мусобиқаҳои варзишӣ-ҳарбӣ баргузор гардиданд. Ғолибон бо ифтихорнома ва мукофоти пулӣ сарфароз шуданд.

Источник: khovar.tj