Дар Хатлон сехи коркарди равғани растанӣ ба истифода дода мешавад

0
69

Дар  Хатлон сехи коркарди равғани растанӣ ба истифода дода мешавад

ДУШАНБЕ, 26.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат дар вилояти Хатлон сехи коркарди равғани растанӣ ба истифода мешавад.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, корҳои сохтмони сехи мазкур аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Шаҳобиддин Исмоилов бомаром идома дошта, он то ҷашни умумимиллӣ — 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият шурӯъ менамояд.

Барои бунёди коргоҳи мазкур сарфи 1,5 миллион сомонӣ дар назар буда, пас аз пурра ба истифода додани он 20 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин мегарданд.

«Дар сурати пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани сех иқтидори истеҳсолии он то 10 тонна равған дар як рӯзро ташкил дода, қариб 20 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд», — омадааст дар иттилояи Вазорат.

Дар сехи мазкур таҷҳизоти муосири коркарди равған мувофиқ ба навъҳо ва ҷавобгӯ ба стандартҳои муқарраршудаи ҷаҳонӣ насб мешаванд.

Дар айни замон шумораи корхонаҳои саноати хӯроквории Тоҷикистон бо назардошти корхонаҳои мавсимӣ 463 ададро ташкил медиҳад.

«Корхонаҳои саноати хӯроквории мамлакат дар таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти ғизоии саноатӣ ва рушди иқтисодиёти он саҳми назаррас дошта, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноати хӯрокворӣ дар моҳҳои январ- декабри соли 2019 ба зиёда аз 5 миллиарду 373 миллион баробар гардидааст», — афзуд манбаъ.

Источник: khovar.tj