Дар Хатлон озмуни эҷодии «Эъҷози Истиқлол» гузаронида мешавад

0
98

Дар Хатлон озмуни эҷодии «Эъҷози Истиқлол»  гузаронида мешавад

ДУШАНБЕ, 29.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ   тибқи қарори раиси вилояти Хатлон озмуни эҷодии «Эъҷози Истиқлол» баргузор мегардад.

Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи таҳлилию иттилоотии раиси вилояти Хатлон хабар медиҳад.

Озмун бо мақсади ҳавасмандсозию дастгирии рӯзноманигорон, кормандони расонаҳои хабарии вилоят ва ҷумҳурӣ гузаронида шуда, бо ин ҳадаф 35 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст.

Озмуни «Эъҷози Истиқлол» дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст гардида, ба ғолибон аз рӯйи ду номинатсия ба таври зайл мукофотпулӣ муқаррар карда мешавад:

-номинатсияи  «Беҳтарин маводи чопӣ ва интернетӣ»: ҷойи якум – 10000 сомонӣ, ҷойи дуюм – 5000 сомонӣ, ҷойи сеюм – 2500 сомонӣ.

-номинатсияи «Беҳтарин барномаи телевизионӣ»: ҷойи якум – 10000 сомонӣ, ҷойи дуюм – 5000 сомонӣ ва ҷойи сеюм – 2500 сомонӣ.

Маводи пешниҳодшуда бояд тавассути телевизион, рӯзномаю маҷаллаҳо ва шабакаи интернет аз 1 январи соли 2020 то 20 августи соли 2021 пахш ва ё нашр гардида бошанд.

Ҳадаф аз баргузории озмун инъикоси раванди корҳои ободонию созандагӣ, тарғиби фаъолияти бунёдгаронаи соҳибкорон, аҳли ҷомеа, ташкилоти давлатию ҷамъиятӣ, имкониятҳои сайёҳии вилояти Хатлон, рушди деҳот, раванди рушду такомули соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ мебошад.

Ёдовар мешавем, ки дар озмун рӯзноманигорон аз расонаҳои хабарии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, инчунин журналистоне, ки вилоятро дар расонаҳои хабарии ҷумҳуриявӣ ва ҷаҳонӣ намояндагӣ мекунанд, иштирок карда метавонанд.

Источник: khovar.tj