Дар Хатлон курси омӯзишии «Духтарони сарвар» оғоз гардид

0
154

Дар Хатлон курси омӯзишии «Духтарони сарвар» оғоз гардид

ДУШАНБЕ, 4.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон даври навбатии курси омӯзишии «Духтарони сарвар» бо иштироки донишҷӯдухтарони фаъоли муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят оғоз гардид. Дар ин бора сомонаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар медиҳад.

Омӯзиши мазкур дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022» ва «Нақшаи перспективии ҷавонгардонии кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2016-2020» гузаронида мешавад.

Омӯзишҳо мувофиқи нақша ҳар ҳафта рӯзҳои ҷумъа гузаронида шуда, дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Донишгоҳи давлатии Данғара доир мегарданд. Ба ин курсҳои омӯзишӣ беш аз 140 нафар донишҷӯдухтарони лаёқатманд ҷалб шудаанд.

Источник: khovar.tj