Дар Хатлон бо афсарону сарбозони қисмҳои низомӣ мулоқот доир гардид

0
107

Дар Хатлон бо афсарону сарбозони қисмҳои низомӣ мулоқот доир гардид

ДУШАНБЕ, 02.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Ташкилоти мададгори мудофиаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори 25-умин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ноҳияҳои Фархор ва Мир Саид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон бо афсарону сарбозони қисмҳои низомӣ мулоқот доир намуданд.

Зимни мулоқот зикр гардид, ки ҳифзи якпорчагии меҳан ва нигоҳдошти оромиву осудагии мамлакат аз ҷавонмардиву далерӣ ва шуҷоати афсарону сарбозони Тоҷикистони соҳибистиқлол вобаста буда, ҳимояи арзишҳои миллӣ ва давлатдорӣ, хизмат дар сафи Қувваҳои муссалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи ҷавонмардии ҳар як сокини мамлакат аст.

Зимни ҳамоиш барои хизмати содиқонаву софдилона ва ҳимояи арзишҳои миллию давлатдорӣ ба 50 нафар сарбозону афсарони кисмҳои низомӣ Сипосномаи Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода тақдим карда шуд.

Ҳамзамон аз ҷониби Кумита ба қисмҳои низомӣ лавозимоти варзишӣ тақдим гардид.

Источник: khovar.tj