Дар фазои абрноки се ноҳияи Тоҷикистон 80 мушаки зиддижола партоб карда шуд

0
87

Дар фазои абрноки се ноҳияи Тоҷикистон 80 мушаки зиддижола партоб карда шуд

ДУШАНБЕ, 01.05.2020. /АМИТ «Ховар»/. Шаби гузашта кормандони Хадамоти зидди жолаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳифзи зироатҳои кишоварзӣ, боғу токзор ва бартараф кардани хавфи жола дар фазои абрноки ноҳияҳои Ҳисор, Турсунзода ва Хуросон 80 мушаки зиддижолаи «Алазан-6» партоб карданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, дар маҷмуъ хавфи бориши жола, ки ба кишту кор ва боғу токзори кишоварзон зарар мерасонид, дар 25 минтақа бартараф шуд.

Аз ҷумла, дар ин муддат дар 15 минтақаи ноҳияи Ҳисор 48 мушаки зиддижолаи «Алазан- 6» партобва хавфи резиши жола бартараф гардид.

«Инчунин дар ин муддат дар  9 минтақаи ноҳияи Турсунзода26 ададва дар як минтақаи ноҳияи Хуросон6 адад мушаки зиддижола партов карда шуданд», — афзуд манбаъ.

Ҳамасола бо мақсади ҳифзи зироати кишоварзӣ ва боғу токзори мамлакат дар минтақаҳо зидди жола садҳо мушак истифода мешавад. Бориши жола маъмулан барои зироати кишоварзӣ зарари калон меорад.

Истифода аз мушакҳои зиддижола имкон фароҳам меорад, ки хатари мазкур бартараф карда шавад.

Источник: khovar.tj