Дар Душанбе заминларза ба қайд гирифта шуд

0
164

Дар Душанбе заминларза ба қайд гирифта шуд

ДУШАНБЕ, 20.12.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 20 декабр, соати 16:39 дақиқа бо вақти маҳаллӣ дар ҳудуди Тоҷикистон  заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар Душанбе қувваи заминларза аз рӯи ҷадвали Рихтер 4 баллро ташкил дод.

Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, маркази заминларза дар километри 246-уми самти ҷанубу шарқи Душанбе дар ҳудуди Афғонистон ҷойгир будааст.

Шиддати заминларза дар маркази он — Афғонистон 6 баллро ташкил додааст.

Источник: khovar.tj