Дар Душанбе татбиқи равандҳои инноватсионӣ дар фаъолияти китобхонаҳоро баррасӣ намуданд

0
225

Дар Душанбе татбиқи равандҳои инноватсионӣ дар фаъолияти китобхонаҳоро баррасӣ намуданд

 ДУШАНБЕ, 19.02.2020. /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» таҳти  унвони «Роҳҳои   татбиқи равандҳои инноватсионӣ дар фаъолияти китобхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо иштироки коршиносони соҳаи китобдорӣ ҳамоиш доир гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ҳамоиш олимону  коршиносон дар  мавзӯи  роҳҳои   татбиқи равандҳои инноватсионӣ дар фаъолияти китобхонаҳо маърӯза карданд.

Директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон», доктори илмҳои педагогӣ, профессор Ҷумахон Файзализода иброз дошт, ки “масъалаи кадрҳои китобдорӣ ҳоло хеле нигаронкунанда аст. Зеро  китобхона дар ҷаҳони иттилоотии имрӯза як маркази бисёр муҳими ба даст овардани илму дониш  мебошад. Бояд тамоми иттилооти дунё дар китобхона ҷамъ ва баррасӣ шавад. Дар ин замина кадрҳои соҳибтахассус, мутаассифона, кам ҳастанд”.

Дар ҳамоиш ҳамчунин доктори илмҳои филологӣ, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Сайфиддин Назарзода, директори Китобхонаи марказии илмии ба номи Индира Гандии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодимуҳаммад Сӯфизода ва дигарон маърӯза намуданд.

Зикр гардид, ки имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 6050 китобхона фаъолият доранд, ки  аз ин 1358 адад дар низоми Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, 110 адад дар вазорату идораҳо ва 4582 адад дар низоми Вазорати маориф ва илм фаъолият доранд.

Источник: khovar.tj