Дар Душанбе таҳти унвони «Ҳунар омӯз …» Фестивали заргарӣ баргузор мегардад

0
258

Дар Душанбе таҳти унвони «Ҳунар омӯз …»  Фестивали заргарӣ баргузор мегардад

ДУШАНБЕ, 04.02.2020. /АМИТ «Ховар»/.  Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  дар пойтахт таҳти унвони «Ҳунар омӯз …»  Фестивали заргарӣ баргузор мегардад. Ҳайати Комиссияи шаҳрӣ барои муайян намудани ғолиби фестивали мазкур  тасдиқ гардид. Дар ин бора қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба имзо расид.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, фестивали мазкур  бо мақсади иҷрои банди 3 «Ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018 тасдиқ гардидааст,  роҳандозӣ мегардад.

Тибқи иттилои манбаъ, Рустами Эмомалӣ  раисони ноҳияҳои шаҳр ва дигар масъулини   мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо вазифадор кардааст, ки барои  дар сатҳи баланди ташкилӣ ва ғоявӣ баргузор намудани фестивали  мазкур тадбирҳои  зарурӣ андешанд.

Источник: khovar.tj