Дар Душанбе таҳти унвони «Саҳми диаспораҳо ва ҷамъиятҳои фарҳангӣ дар таҳкими давлатдории миллии Тоҷикистон» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид

0
144

Дар Душанбе  таҳти унвони  «Саҳми  диаспораҳо  ва ҷамъиятҳои фарҳангӣ дар таҳкими  давлатдории миллии Тоҷикистон»  конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 07.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон  бо ташаббуси Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо шарикони рушд — Ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода»-Бунёди мадад дар Тоҷикистон ва ташкилоти ҷамъиятии «Марказ оид ба ҳуқуқи инсон» конференсияи илмӣ-амалӣ  таҳти унвони  «Саҳми  диаспораҳо  ва ҷамъиятҳои фарҳангӣ дар таҳкими  давлатдории миллии Тоҷикистон» баргузор  гардид.  Дар конференсия намояндагони вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ,  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, дигар сохторҳои марбута, инчунин ҷамъиятҳои тоҷикон  аз  Федератсияи Россия, Ҷумҳурии  Қазоқистон ва дигар давлатҳо  иштирок  намуданд.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, конференсияро Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ  Сумангул Тағойзода ифтитоҳ намуда, аз ҷумла, зикр кард, ки  ҷамъиятҳои тоҷикон  ва марказҳои фарҳангии хориҷи  мамлакат  дар рушди ҷумҳурӣ, инчунин дигар масъалаҳои марбут ба муҳоҷирати меҳнатӣ нақши калидӣ дошта метавонанд.

Дар Душанбе  таҳти унвони  «Саҳми  диаспораҳо  ва ҷамъиятҳои фарҳангӣ дар таҳкими  давлатдории миллии Тоҷикистон»  конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардидНомбурда  таъкид намуд, ки мақсад аз ҳамоиши имрӯза низ густариши ҳамкорӣ бо ҷамъиятҳои тоҷикон, ҳамватанони бурунмарзӣ, такмили сиёсати давлатӣ дар бахши таҳкими робита бо ҷамъиятҳо, муайян намудани самтҳои асосии рушди ҳамкорӣ, ҳавасмандгардонии онҳо барои иштирок дар татбиқи барномаҳои иқтисодӣ, ҷалби  онҳо ба раванди корҳои  созандагию бунёдкорӣ дар мамлакат, алалхусус  саҳм гузоштани ҳамватанони мо дар таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Сумангул Тағойзода аз таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба фаъолияти ҷамъиятҳо ва  буду боши  ҳамватанони бурунмарзӣ ёдовар шуда, иброз дошт, ки  аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҷалб ва сафарбар намудани онҳо ҷиҳати рушди устувори  мамлакат  заминаҳои мусоид фароҳам оварда шудаанд.

«Бо ин мақсад ҳанӯз соли 2010 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Консепсия дар бораи ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони рушди кишвар» тасдиқ гардид. Мақсад аз  татбиқи  консепсияи мазкур  фароҳам овардани заминаҳои мусоид барои муайян намудани роҳҳои ҳамкорӣ бо ҷамъиятҳои тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ мебошад», — афзуд С. Тағойзода.

Сипас Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов дар назди иштирокдорон сухан гуфта, зикр кард, ки «мояи хурсандист, ки имрӯз  нақши ҷамъиятҳо  ва марказҳои  фарҳангии тоҷикон  дар Федератсияи Россия дар самти ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ муассиртар мегардад. Чанде пеш дар як намоишгоҳи савдою саноатӣ, ки дар Душанбе баргузор гардид,  аз Федератсияи Россия  як  соҳибкори тоҷик иштирок дошт.  Ин соҳибкори муваффақ  зимни суҳбат гуфт, ки 20 сол  аст дар Федератсияи Россия кору  зиндагӣ дорад. Соҳибкор ҳамчунин гуфт, ки  айни замон дар ин вилоят қариб 18 ҳазор тоҷикон кору  зиндагӣ  менамоянд. Тоҷикон дар ин вилояти Россия ба ҳайси  тоҷир, духтур ва   дигар  корҳо дар қатори дигар халқиятҳо фаъолияти пурсамар доранд.  Ӯ иттилоъ дод, ки яке аз муовинони Губернатори вилояти Твер тоҷик аст, ки  сарпарастии соҳа- кор бо ҷамъиятҳоро ба зимма дорад. Ин  гуфтаҳо далели он аст, ки  ҳамкории судманд   байни ду давлат – Тоҷикистону Россия густариш ёфта,  тоҷикон дар ФР  мавқеи хосса пайдо менамоянд».

-Тавре маълум аст, Федератсияи Россия  ба қувваи корӣ эҳтиёҷ дорад. Дар Тоҷикистон  захираҳои меҳнатӣ зиёданд. Мо дар якҷоягӣ метавонем  ин норасоиро пурра гардонем ва баҳри рушди ҳар ду давлат саҳм гузорем,- гуфт сафир.

Дар Душанбе  таҳти унвони  «Саҳми  диаспораҳо  ва ҷамъиятҳои фарҳангӣ дар таҳкими  давлатдории миллии Тоҷикистон»  конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид Дар Душанбе  таҳти унвони  «Саҳми  диаспораҳо  ва ҷамъиятҳои фарҳангӣ дар таҳкими  давлатдории миллии Тоҷикистон»  конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид

Дар ҳамоиш  инчунин  директори  Ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода»-Бунёди мадад дар Тоҷикистон Илҳом Абдуллоев, директори  ташкилоти ҷамъиятии «Марказ оид ба ҳуқуқи инсон» Нурмаҳмад Халилов, роҳбари намояндагии СБМ дар Тоҷикистон Кристина Транка   доир ба мавзӯи матраҳшаванда ибрози андеша намуданд.

Сардори Раёсати муҳоҷирати аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидасрор Саидов  ба  иштирокдорони ҳамоиш   оид ба ҳамкорӣ бо ҷамъиятҳои тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ  ҳамчун  шарикони рушди мамлакат   маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

С.Саидов, аз ҷумла, иброз дошт, ки 63  ташкилоти  ҷамъиятӣ,  маркази  фарҳангӣ  ва ҷамъиятҳои  тоҷикон  ба таври расмӣ дар қаламрави Федератсияи Россия, инчунин 2 ташкилоти ҷамъиятӣ  дар  Ҷумҳурии  Украина,  2  ташкилоти  ҷамъиятии тоҷикон  дар  Ҷумҳурии  Қирғизистон,  11 ҷамъият  ва  маркази  фарҳангии тоҷикон дар Ҷумҳурии Қазоқистон  фаъолият  доранд. Онҳо ҷиҳати  таъмини  ҳифзи ҳуқуқу  манфиатҳои  муҳоҷирони  меҳнатӣ– шаҳрвандони  Ҷумҳурии Тоҷикистон   дар  хориҷа,  таъмини  онҳо  бо  ҷойи  кор  ва  ҳал  намудани  дигар  масъалаҳои  раванди муҳоҷирати  меҳнатӣ  саҳми  муносиб  мегузоранд.

«Шумораи аз ҳама зиёди ташкилот ва ҷамъиятҳои фарҳангии тоҷикон  дар Федератсияи Россия  ба қайд гирифта шудааст. Албатта, ин табиист, зеро  90 фисади муҳоҷирони меҳнатии мо дар ин  давлат буду бош доранд. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар ҳамкорӣ бо дигар сохтори марбута ҷиҳати татбиқи  «Консепсия оид ба ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони рушди кишвар»  ва    нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Консепсияи мазкур  барои солҳои 2015-2020, ки   бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  тасдиқ гардидаанд,  як қатор тадбирҳои  зарурӣ  андешид. Аз  ҷумла, дар доираи Нақшаи мазкур, ки аз 24  банд  иборат   аст, барои ҷамъиятҳои тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ  конференсия, мизи мудаввар, семинарҳо баргузор гардида, онҳо ба ҷашну маросими миллӣ даъват  мегарданд.  Инчунин  таҳияи шакли ҳисоботи оморӣ оид ба ҷамъиятҳои тоҷикон,  ҳамватанони  бурунмарзӣ дар  хориҷи  мамлакат, ташкилу гузаронидани озмунҳо бо мақсади ҳавасманд намудани онҳо, таъсиси Шӯрои ҳамоҳангсоз, ҷалби ҷамъиятҳои тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ барои рушди соҳаҳои мухталифи  иқтисоди ҷумҳурӣ  дар назар дошта шуда буд, ки  қисмате аз ин амалҳо ба анҷом расида, кор дар қисмати дигари он идома дорад », — афзуд С.Саидов.

Дар Душанбе  таҳти унвони  «Саҳми  диаспораҳо  ва ҷамъиятҳои фарҳангӣ дар таҳкими  давлатдории миллии Тоҷикистон»  конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид Дар Душанбе  таҳти унвони  «Саҳми  диаспораҳо  ва ҷамъиятҳои фарҳангӣ дар таҳкими  давлатдории миллии Тоҷикистон»  конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид

Нимаи дуюми рӯз конференсияи илмӣ –амалӣ ба кори худ идома дода, иштирокдорони он  ба гурӯҳҳои алоҳида ҷудо шуда,  дар мавзӯъҳои  ба ин самт тааллуқдошта мубодилаи афкор намуданд.

Дар ин зимн, сардори Хадамоти муҳоҷират Тоҳир Каримзода  зикр кард, ки «Хадамоти муҳоҷират  бо мақсади пешбурди корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ — шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани сатҳи тайёрии пеш аз муҳоҷират ва мутобиқ намудани захираҳои меҳнатӣ ба талаботи қонунгузории давлати қабулкунандаи муҳоҷирони меҳнатӣ,  мусоидат барои касбомўзӣ ва забономўзии онҳо тадбирҳои зарурӣ меандешад».

Т.Каримзода иттилоъ дод, ки  дар системаи Хадамоти муҳоҷират таъсиси  даҳ адад  муассисаҳои давлатии «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳрҳои Душанбе, Хоруғ, Хуҷанд, Ваҳдат, Бохтар, Кӯлоб, Панҷакент, Турсунзода, Исфара ва ноҳияи Рашт дар назар аст.

«Айни замон чунин  марказҳо дар шаҳрҳои Душанбе, Хоруғ, Хуҷанд ва Бохтар фаъолият менамоянд. Ҳадафи асосии таъсиси чунин марказҳо — ин расонидани ёрии  амалӣ  тавассути   курсҳои машваратию таълимӣ ва кумаки ташкиливу молиявӣ ба муҳоҷирони ватанӣ дар ду марҳилаи муҳоҷирати меҳнатӣ- пеш аз сафар ва баъди бозгашт  мебошад»,-афзуд садори Хадамоти муҳоҷират.

Дар ҳамоиш ҳамчунин намояндагони дигар сохторҳои дахлдори ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ доир ба ин масъала ибрози андеша намуданд.  Аз ҷумла, намояндагони диаспора ва ҷамъиятҳои фарҳангии тоҷикон   изҳори назар карда, ҷиҳати рафъи камбудиҳои ҷойдошта пешниҳодҳои мушаххас  манзур намуданд.

Нотиқон аз он изҳори нигаронӣ намуданд, ки  баъзе аз намояндагони воситаҳои ахбори омма   муваффақиятҳои шаҳрвандони Тоҷикистонро дар Федератсияи Россия нодида  мегиранд ва  омодаанд аз ҳар гуна мушкиле, ки  шаҳрвандон дар тамоми давлатҳо ба он мувоҷеҳ мешаванд, ҳангома созанд. Ҳол он ки имрӯз мақомоти дахлдори Тоҷикистон дар давлатҳои қабулкунандаи муҳоҷирони меҳнатӣ доир ба ҳифзи ҳуқуқи онҳо пайваста талош менамоянд.

Дар фарҷом байни иштирокдорони ҳамоиш  мубодилаи афкор сурат гирифт.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

Источник: khovar.tj