Дар Душанбе роҳҳои баланд бардоштани ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ баррасӣ шуд

0
174

Дар Душанбе роҳҳои баланд бардоштани ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ баррасӣ шуд

ДУШАНБЕ, 04.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади тақвияти эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ, баланд бардоштани сатҳи саводнокии мардум ва ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои низоми молиявӣ бо иқдоми Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамоҳангӣ бо Бонки ҷаҳонӣ ва Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (IFC) дар мавзӯи «Механизми танзимкунанда дар самти ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамоиш доир гардид, ки дар он намояндагони бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ иштирок намуданд.

Аз Бонки миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ҳадафи ҳамоиш шиносоии иштирокдорон бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии таҳияшаванда дар самти ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ, аз ҷумла Дастурамал «Дар бораи тартиби пешниҳоди хизматрасониҳои молиявӣ ва тартиби ифшои маълумот ба муштариёни ташкилотҳои қарзӣ» мебошад. Натиҷаи бадастомада метавонад ҳангоми баррасии ҳуҷҷати зикршуда заминаи хуби назариявӣ гардад, иттилоъ медиҳад сарчашма.

Зикр гардид, ки таъмини дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои низоми бонкӣ, рушди соҳибкории хурду миёна, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии молиявии мардум ва зиёд намудани боварии аҳолӣ ба низоми бонкӣ яке аз самти асосии фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон буда, баргузории ҳамоиш  ҷиҳати таҳкими механизми ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои низоми бонкӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Дар ҳамоиш ҳамзамон намояндагони Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ ва  Бонки ҷаҳонӣ оид ба натиҷаи фаъолияти феълӣ ва нақшаҳои минбаъдаи механизми ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъалаҳои дар ин самт ҷойдошта рӯнамоии худро дар таҳлил бо таҷрибаи дигар давлатҳо манзури иштирокдорон гардониданд.

Дар Душанбе роҳҳои баланд бардоштани ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ баррасӣ шуд Дар Душанбе роҳҳои баланд бардоштани ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ баррасӣ шуд

Источник: khovar.tj