Дар Душанбе Намоишгоҳи ихтисосии Ҷумҳурии Исломии Эрон ифтитоҳ гардид

0
266

Дар Душанбе Намоишгоҳи ихтисосии Ҷумҳурии Исломии Эрон ифтитоҳ гардид

ДУШАНБЕ, 21.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Кохи Борбад»-и шаҳри Душанбе бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон намоишгоҳи ихтисосии Ҷумҳурии Исломии Эрон ифтитоҳ гардид.

Тавре мухбири  АМИТ  «Ховар» хабар медиҳад, дар ифтитоҳи намоишгоҳи мазкур   Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Фаррух Ҳамрализода, Раиси Палалатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода, Сафири Ҷумҳурии Ислдомии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтақӣ Собирӣ,  намояндагони сафоратхонаҳо ва Минтақаҳои озоди иқтисодии мамлакат иштирок намуданд.

Дар Душанбе Намоишгоҳи ихтисосии Ҷумҳурии Исломии Эрон ифтитоҳ гардидРаиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода  иброз намуд, ки дар ин  намоишгоҳ зиёда аз 60  ширкатҳои фаъоли  иқтисодии  Эрон дар бахшҳои истеҳсолӣ, саноати хӯрока, беҳдошту дармон, мошинолоти кишоварзӣ, сохтмон, хадамоти фаннӣ ва муҳандисӣ, қолин, таҷҳизоти манзил, сайёҳӣ ва ғайра маҳсулот пешниҳод менамоянд. Мақсади асосии ташкил намудани ин намоишгоҳ рушди тиҷорат байни Тоҷикистону Эрон  мебошад.

“Итминон дорем, ки  ин намоишгоҳ натиҷаи мусбӣ  ба бор оварда, барои  таъсиси корхонаҳои муштарак ва ҳамкорӣ дар соҳаи савдо ва саноат миёни ду давлат мусоидат менамояд”, — зикр кард  номбурда.

Дар Душанбе Намоишгоҳи ихтисосии Ҷумҳурии Исломии Эрон ифтитоҳ гардидВазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода  иброз дошт, ки тӯли чанд соли охир Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суръати баланди рушди иқтисодӣ  ноил гардида, тавонист тамоюли бемайлони савдои хориҷӣ ва ҳамгироии ҷумҳуриро  бо ҷомеаи ҷаҳонӣ вусъат бахшад. Дар баробари ин,  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ривоҷи ҳамгироии иқтисодӣ бо кишварҳои хориҷ, аз ҷумла бо Эрон кӯшиш ба харҷ дода,  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон аз ҷумлаи шарикони боэътимод дар самти густариши ҳамкории  иқтисодӣ ва  энергетикӣ  ба ҳисоб мераванд.

Тавре Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон  Муҳаммадтақӣ Собирӣ  изҳор намуд,   намоишгоҳи имрӯза барои густариши  равобит ва  ҳамкории дуҷониба фурсати  муносиб фароҳам меорад.

«Ҳамкорӣ дар соҳаи  туризм, гардишгарӣ, хадамоти фаннӣ ва муҳандисӣ, фарҳанг, сармоягузории муштараки кишоварзӣ, робитаи  донишгоҳҳои илмӣ  аз мақсадҳои  наҷибу минбаъдаи ҷонибҳост, ки   итминон дорам дар кутоҳтарини замон ба онҳо ҷомаи амал пӯшонем»,- афзуд сафир.

Дар Душанбе Намоишгоҳи ихтисосии Ҷумҳурии Исломии Эрон ифтитоҳ гардид Дар Душанбе Намоишгоҳи ихтисосии Ҷумҳурии Исломии Эрон ифтитоҳ гардид

Ҳамчунин баргузории  намоишгоҳи  мазкур барои  тоҷирону сармоягузорони ширкатҳои Эрон ва Тоҷикистон фурсати муносиб барои гуфтугӯ ҷиҳати баррасии ҳамкории тиҷоратӣ, истеҳсолӣ, соҳибкорӣ ва маблағгузории муштарак  фароҳам меорад.

Бояд гуфт, ки дар доираи ин намоишгоҳ 23 декабр  дар «Кохи Борбад» баргузории  Бизнес-форуми доираҳои соҳибкорони Тоҷикистон ва Эрон дар назар аст.

Ёдовар мешавем, ки охирин намоишгоҳи маҳсулоти эронӣ дар пойтахти Тоҷикистон моҳи майи  соли 2017 баргузор шуда буд, ки    дар он беш аз 20 ширкати эронӣ иштирок намуда буданд.

Намоишгоҳи ихтисосии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то 24 декабр идома меёбад.

   София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

Дар Душанбе Намоишгоҳи ихтисосии Ҷумҳурии Исломии Эрон ифтитоҳ гардид Дар Душанбе Намоишгоҳи ихтисосии Ҷумҳурии Исломии Эрон ифтитоҳ гардид Дар Душанбе Намоишгоҳи ихтисосии Ҷумҳурии Исломии Эрон ифтитоҳ гардид Дар Душанбе Намоишгоҳи ихтисосии Ҷумҳурии Исломии Эрон ифтитоҳ гардид Дар Душанбе Намоишгоҳи ихтисосии Ҷумҳурии Исломии Эрон ифтитоҳ гардид

Источник: khovar.tj