Дар Душанбе мусаввараҳои Эркинбой Суюнов ба намоиш гузошта мешаванд

0
160

Дар Душанбе  мусаввараҳои Эркинбой Суюнов  ба намоиш гузошта мешаванд

ДУШАНБЕ, 06.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Шоми имрӯз  дар меҳмонхонаи «Серена»-и шаҳри Душанбе намоиши мусаввараҳои устоди Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Эркинбой Суюнов оғоз мегардад.

Намоишгоҳ ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бахшида мешавад.

Тавре рассом Эркинбой Суюнов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, «барои омода намудани расмҳо ва гузаронидани ин намоиш се сол заҳмат кашидам. Ҳадафи асосии ман- ин муаррифии манзараҳо, дастовардҳо ва маконҳои таърихии Ватанам — Тоҷикистони азиз  мебошад».

Дар намоишгоҳ манзараҳои Роғун, дарёҳо, кӯлҳо ва чашмасорони  Тоҷикистон  наққошӣ шуда, сарзамини моро ҳамчун диёри сарчашмаи обҳои мусаффо муаррифӣ менамоянд.

Мавсуф иброз дошт, ки баргузории чунин намоишҳо барои эҳёи ҳунарҳои миллӣ ва баланд бардоштани ҳисси фарҳангдӯстиву ватанпарварии мардуми тоҷик заминаи мусоид фароҳам меорад.

Источник: khovar.tj