Дар Душанбе масоили пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули тарзи ҳаёти солим миёни ҷавонон матраҳ гардид

0
217

Дар Душанбе масоили пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули тарзи ҳаёти солим миёни ҷавонон матраҳ гардид

 ДУШАНБЕ, 20.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. 19 феврал бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии «Душанбе-Плаза»  дар мавзӯи «Пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули тарзи ҳаёти солим миёни ҷавонон» машварати омӯзишӣ баргузор гардид.

Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  машварати омӯзишӣ дар доираи «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021» роҳандозӣ шуда, мақсад аз он фароҳам овардани ҳаёти солиму шоиста баҳри ҷавонон ва пешгирии бемории фарбеҳӣ байни онҳо мебошад.

Бояд гуфт, ки тайи солҳои охир масъалаи зиёд шудани фарбеҳӣ миёни аҳолӣ мутахассисони соҳаи тибро ба ташвиш овардааст. Ҳоло пешгирии фарбеҳӣ масъалаи афзалиятноки соҳаи тандурустии аксари кишварҳои ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Масъалаҳои омӯзиш, пешгирӣ ва табобати фарбеҳӣ дар доираи «Стратегия оид ба ғизо ва фаъолияти ҷисмонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2024», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2014 тасдиқ шудааст, ҳамчун масъалаи афзалиятноки байнисоҳавӣ муайян гардидаанд.

Фарбеҳӣ ва маҷмӯи оризаҳои он аз охири асри 20 ва аввалҳои асри 21 инҷониб масъалаи ҳалталаби байнисоҳавии аксарияти давлатҳои ҷаҳон ба шумор рафта, Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ  (ТУТ) онро бемории ҷаҳонӣ  эълон намудааст.

Тибқи маълумоти ТУТ,  тайи 10 соли охир тамоюли зиёдшавии фарбеҳӣ дар тамоми давлатҳо, аз ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба назар расида,  давлати мо дар рӯйхати умумиҷаҳонии паҳншавии фарбеҳӣ ҷойи 128-умро ишғол менамояд.

Ҳоло дар Тоҷикистон «Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2024» қабул шудааст, ки   тамоми табақаҳои аҳолиро фаро мегирад. Барномаи мазкур  бемории фарбеҳиро пешгирӣ намуда, ба солимгардонии аҳолӣ мусоидат менамояд.

Источник: khovar.tj