Дар Душанбе масъалаи нақши метрология дар рушди иқтидори содирот ва рақобатпазирии иқтисодӣ баррасӣ мешавад

0
102

Дар Душанбе масъалаи нақши метрология дар рушди иқтидори содирот ва рақобатпазирии иқтисодӣ баррасӣ мешавад

ДУШАНБЕ, 04.03.2020. /АМИТ “Ховар”/. Дирӯз дар шаҳри Душанбе дар мавзӯи «Нақши метрология дар баланд бардоштани захираҳои содиротӣ ва рақобатнокии  иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон» семинари иттилоотии минтақавӣ оғоз шуд. Он дар доираи татбиқи лоиҳаи Институти физикӣ-техникии Германия бо ташаббуси Агентии «Тоҷикстандарт» сурат гирифт. Дар семинарии мазкур масъалаи баланд бардоштани сатҳу сифати корҳои метрологӣ ва омилҳои беҳтар кардани хизматрасонӣ дар ин соҳа мавриди баррасӣ қарор мегиранд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Семинар то 6 март идома ёфта, дар кори он коршиносони байналмилалии соҳавӣ аз Институти физикӣ-техникии Германия, коршиноси лоиҳаи минтақавии “Тақвият додани инфрасохтори сифат дар Осиёи Марказӣ”, мутахассисони  хадамоти давлатии метрология ва акредитатсияи ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон, масъулони вазорату идораҳои дахлдор ва кормандони Агентии «Тоҷикстандарт» иштирок менамоянд.

Бояд гуфт, ки метрология дар ҳаёти ҳаррӯзаи инсон аҳамияти аввалиндараҷа дошта, ҳар лаҳза инсон бо он сару кор дорад. Санҷишу истифодаи дурусти таҷҳизоту воситаҳои ченак дар ҳама соҳаҳои гуногуни ҳаёт ва донишу касбияти мутахассисон дар мадди аввал аст.  Воситаҳои ченак ба монанди вазн, қувва, фишор, ҳаракат, дарозӣ, ҳаҷм, кунҷ ва дигар бояд сари вақт дар муҳлати муайяншуда аз санҷиш гузаронида шаванд, то дар ҳама ҳолат дақиқият сарфи назар нагардад.

Источник: khovar.tj