Дар Душанбе масъалаи ҳамкории Тоҷикистон ва Германия дар ҷодаи мубориза бо коррупсия муҳокима гардид

0
75

Дар Душанбе масъалаи ҳамкории Тоҷикистон ва Германия дар ҷодаи мубориза бо коррупсия муҳокима гардид

ДУШАНБЕ, 27.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Душанбе масъалаи ҳамкории дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Германия дар ҷодаи мубориза бо коррупсия зимни мулоқоти Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Султонзода ва Сафири навтаъйини Германия дар Тоҷикистон Андреас Протман муҳокима гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии мазкур хабар медиҳад.

Зикр гардид, ки аз рўзҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ  муқовимат ба коррупсия дар меҳвари сиёсати пешгирифтаи давлат ва   Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта,  барои пешгирӣ аз амалҳои коррупсионӣ ва мубориза бо он қонун  ва стратегияҳои зиёд  қабул шудаанд.

«Стратегияи  муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» аз ҷумлаи санадҳои меъёриву ҳуқуқие мебошад, ки барои паст шудани шиддати коррупсия ва ҷиноятҳои алоқаманд ба он дар мамлакат шароит фароҳам овард.

Мусоҳибон зимни мулоқот аз рушди бемайлони робитаҳои дуҷониба  изҳори умедворӣ карданд.

Источник: khovar.tj