Дар Душанбе маросими ҷоизасупории Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш барои соли 2019 доир мегардад

0
223

Дар Душанбе маросими ҷоизасупории Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш барои соли 2019  доир мегардад

ДУШАНБЕ, 23.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. 24 декабр  дар шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупории Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  баргузор мегардад. Дар ин бора аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, дар маросими мазкур ба варзишгарони беҳтарини соли 2019 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда мешавад.

Инчунин   дар ҳамоиш ғолибони Ҷоизаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар соҳаи адабиёт, санъат, меъморӣ, рӯзноманигорӣ, барномасозӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, техника – технология ва инноватсия, ғолибони Ҷоизаи «Барои шуҷоат ва ҷавонмардӣ» дар доираи «Барномаи давлатии тарбияи ҳарбии ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» ва ғолибони «Донишҷӯи сол-2019»  бо ҷоизаи Кумита сарфароз гардонида мешаванд.

Дар ин замина, ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявии «Беҳтарин варзишгари сол – 2019», «Беҳтарин Федератсияи варзишии сол-2019», «Беҳтарин шаҳри варзишӣ-2019», «Беҳтарин мураббии сол – 2019» ва «Беҳтарин иншооти варзишӣ» қадрдонӣ карда мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки маросими ҷоизасупории Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пагоҳ, соати 15.00 дар толори консертии «Кохи Суруш» баргузор мегардад.

Источник: khovar.tj