Дар Душанбе маросими мубодилаи ёддошт байни ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Япония баргузор гардид

0
70

Дар Душанбе маросими мубодилаи ёддошт байни ҳукуматҳои  Тоҷикистон ва Япония баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 03.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Сафири Фавқулода ва Мухтори Япония дар ҶТ Такаюкӣ Мияшитаро 1 феврал ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар мулоқот масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Япония дар заминаҳои гуногун баррасӣ шуда, дар бораи мавзӯъҳои дигари мавриди эҳтимоми муштарак табодули назар сурат гирифт.

Дар анҷоми мулоқот маросими мубодилаи ёддошт байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Япония роҷеъ ба лоиҳаи «Беҳтар намудани таҷҳизоти тиббӣ дар муассисаҳои давлатии Маркази миллии тиббии «Шифобахш» ва Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо» баргузор гардид.

Ёддоштҳои табодулиро Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Такаюкӣ Мияшита имзо намуданд.

Акс аз ВКХ ҶТ

Источник: khovar.tj