Дар Душанбе Маркази пилотии «Модели шуғли фосилавӣ» барои шаҳрвандони корҷӯ ифтитоҳ гардид

0
105

Дар Душанбе Маркази пилотии «Модели шуғли фосилавӣ» барои шаҳрвандони корҷӯ ифтитоҳ гардид

ДУШАНБЕ, 10.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Корхонаи воҳиди давлатии  «Маркази таълимии шаҳри Душанбе»-и Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ бо иштироки  Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулрӯ Ҷабборзода   Маркази пилотии «Модели шуғли фосилавӣ» мавриди ифтитоҳ қарор гирифт. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Маркази пилотии «Модели шуғли фосилавӣ» дар ҳамкорӣ бо Намояндагии Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон  бо мақсади мусоидат ва татбиқи ҳадафҳои Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030, аз ҷумла ҳадафҳои марбут ба рушди неруи инсонӣ, роҳҳои тавонмандсозии ҷавонон тавассути таъмини ҷойҳои нави корӣ дар асоси омӯзиши таҷрибаи намунавии глобалӣ «Модели шуғли фосилавӣ барои ҷавонони осебпазир» роҳандозӣ гардидааст.

Модели шуғли фосилавӣ — «Impact Sourcing» як шакли нави шуғл буда, ба корманд имкон медиҳад, ки вазифаҳои меҳнатии худро берун аз бинои истеҳсолии корфармо тавассути технологияҳои иттилоотӣ дар реҷаи воқеӣ, новобаста аз вақти корӣ  роҳандозӣ намояд.

Ҳадафи ба роҳ мондани фаъолияти Маркази пилотии «Модели шуғли фосилавӣ» барои ҷавонон қадами нахустин ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ  аз ҷониби мақомоти Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба қишри осебпазири ҷомеа буда, дар таҳким ва рушди фаъолияти минбаъда мусоидат менамояд.

Зеро ин раванд ба манфиати корфармо ва шаҳрвандони корҷӯ созгор мебошад.

Тадқиқоти кишварҳои пешрафта, аз ҷумла, Федератсияи Россия, Беларусу  Қазоқистон нишон медиҳад, ки зимни омӯзиш дар марказҳои пилотии «Модели шуғли фосилавӣ»  дар се сол то 8120 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ соҳиби малакаи касбӣ мегарданд. Ин омор метавонад бо тавсеаи минбаъдаи корхона дар соли дуюм ду баробар афзоиш ёбад.

Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ дар Тоҷикистон ва бахши хусусӣ тасмим гирифтаанд, ки ташаббуси Маркази пилотии «Модели шуғли фосилавӣ»-ро барои ҷавонони осебпазир дар Тоҷикистон ба таври озмоишӣ марҳала ба марҳала ҷорӣ намоянд.

Источник: khovar.tj