Дар Душанбе Маркази муосири диабети қанд ба истифода дода шуд

0
106

Дар Душанбе Маркази муосири диабети қанд ба истифода дода шуд

ДУШАНБЕ, 28.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе Маркази муосири диабети қанд ба истифода дода шуд.  Маркази мазкур аз толори варзишӣ, ошхона ва синфхонаи замонавӣ иборат буда, он аз ҷониби Сарраёсати агентии туркӣ оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА) дар якҷоягӣ  бо Ташкилоти ҷамъиятии хайриявии Ҳамадонӣ сохта шудааст. Дар ин бора аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Дар маросими ба истифода додани Маркази диабети қанд  Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алӣ Рафъат Кёксал иштирок намуданд.

Насим Олимзода иброз дошт, ки  ба истифода додани маркази замонавӣ ва муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосир барои табобати беморони диабети қанд самараи ҳамкории мутақобилан судманди ҷонибҳо мебошад. Маркази муосири диабети қанд барои гузаронидани омӯзишҳои иттилоотӣ равона шудааст. Дар ин ҷо беморони гирифтори диабети қанд метавонанд доир ба бемории худ аз  мутахассисони соҳа маълумот ва тавсияҳои зарурӣ гиранд.

Дар Душанбе Маркази муосири диабети қанд ба истифода дода шудСоли 2019 шумораи гирифторони бемории диабети қанд дар мамлакат 46 ҳазору 258 нафар ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора 20 ҳазору 421 нафарро мардон ва 25 ҳазору 837 нафарро занон ташкил медиҳанд.

Ёдовар мешавем, ки бо мақсади пешгирӣ ва дарёфти роҳҳои ҳалли фарбеҳшавии аз ҳад зиёд, ки дар охир сабаби гирифтор шудан ба бемории диабети қанд мегардад, 30 сентябри соли  2019  зимни баргузории маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019 – 2024» қабул гардид.

Барномаи мазкур маҳз бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим тавассути пешгирии бемориҳои ғайрисироятӣ, аз ҷумла фарбеҳӣ ва оқибатҳои он таҳия ва қабул гардид.

Источник: khovar.tj