Дар Душанбе KFC кушода мешавад – аксҳо

0
136

Дар Душанбе KFC кушода мешавад - аксҳо

Мақомоти меъмории шаҳри Душанбе хабар дод, ки ба зудӣ дар пойтахти Тоҷикистон бинои тарабхонаи маъруфи ҷаҳонӣ, KFC сохта хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Масъулини меъмории Душанбе лоиҳаи ангоравии шабакаи байналмилалии тарабхонаҳои хӯроки умумии KFC – “Kentucky Fried Chicken”-ро дар саҳифаи меъмории пойтахти Тоҷикистон нашр кардаанд.

Иттилоъ дода шуд, ки бинои KFC, дар хиёбони Рӯдакӣ 33А бунёд ва ифтитоҳ хоҳад шуд. Ба иттилои шаҳрдорӣ, таҳиягари тарҳи KFC дар Душанбе корхонаи воҳиди давлатии “Лоиҳакаш” мебошад.

Ин бори нахуст мебошад, ки шабакаи байналмилалии маъруфи хӯроки умумӣ дар пойтахти Тоҷикистон тарабхона мекушояд.

Источник: sputnik-tj.com