Дар Душанбе футболбозони навраси тоҷик ду бозии дӯстона баргузор мекунанд

0
56

Дар Душанбе  футболбозони  навраси  тоҷик  ду  бозии дӯстона баргузор мекунанд

ДУШАНБЕ, 03.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи  Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби наврасони яккачини Ҳиндустон дар доираи омодагӣ ба марҳилаи финалии Ҷоми Осиё-2020 рақобати дӯстона баргузор мекунанд. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Шогирдони Аҳлиддин Турдиев рӯзҳои 13 ва 15  март бо дастаи  мунтахаби наврасони то 16-солаи Ҳиндустон дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе ду бозии дӯстона баргузор мекунанд. Оғози бозиҳо соати 16:00 дар назар аст.

Ёдрас мешавем, ки дастаи  мунтахаби наврсони то 16-солаи Тоҷикистон дар марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё-2020 иштирок менамояд. Мусобиқа аз 15 сентябр то 3 март     дар давлати Баҳрайн баргузор мешавад.

Бозиҳои дӯстона

13 март (ҷумъа)

Оғози бозӣ соати 16:00

Тоҷикистон  (U-16) – Ҳиндустон (U-16)

Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ

15 март (якшанбе)

Оғози бозӣ соати 16:00

Тоҷикистон  (U-16) – Ҳиндустон (U-16)

Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ

Источник: khovar.tj