Дар Душанбе дар мавзӯи «Муаррифии ихтироот ба истеҳсолот» ҳамоиш баргузор гардид

0
129

Дар Душанбе дар мавзӯи «Муаррифии ихтироот ба истеҳсолот» ҳамоиш баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 11.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар бинои Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Муаррифии ихтироот ба истеҳсолот» ҳамоиш   доир   гардид.

Ҳамоиши мазкур ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамзамон иҷрои вазифаҳои «Стратегияи миллии рушди моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2020» роҳандозӣ гардид. Дар он ихтирооти тайи панҷ соли охир ҳифзшуда ба доираи васеи истеҳсолкунандагону соҳибкорон муаррифӣ карда мешаванд.

Ба истеҳсолкунандагон аз ҷониби олимони ихтироъкор 60 ихтироъ аз соҳаи тиб, байторӣ, химия, металлургия, физика, барқ, кишоварзӣ, механика, нассоҷӣ, сохтмон ва корҳои кӯҳӣ дар шакли рӯнамо манзур мегардад.

Мақсади дигари баргузории ҳамоиш аз иҷрои ҳадафи чоруми миллӣ- саноатикунонии босуръати мамлакат ва алоқамандии илм бо истеҳсолот  иборат мебошад.

Источник: khovar.tj