Дар Душанбе бо мақсади пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ безараргардонии сартосарӣ пурзӯр мегардад

0
176

Дар Душанбе  бо мақсади пешгирӣ аз  бемориҳои сироятӣ  безараргардонии сартосарӣ   пурзӯр  мегардад

ДУШАНБЕ, 25.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади пешгирӣ аз  бемориҳои сироятӣ  ва таъмини солимии шаҳрвандон  дар пойтахт тадбирҳои безараргардонии сартосариро  пурзӯр намуда,  нахуст онро дар  ҷойҳои ҷамъшавии одамон, мактабу муассиса, кӯчаву хиёбон, мавзеъҳои фароғатӣ, истгоҳҳои нақлиётӣ ва ғайра  ба роҳ мондааст.  Ҳамин гуна тадбирҳои безараргардонӣ дар  кӯчаву хиёбон ва истгоҳҳои нақлиётӣ дар ҳудуди кўчаҳои Аҳмади Дониш ва Садриддин Айнии ноҳияи Шоҳмансури пойтахт  ташкилу роҳандозӣ гардиданд. Моҳи  сеюм аст, ки дар пойтахт тамоми нақлиёти мусофирбар пеш аз ба кор баромадан ва баъди он  безарар гардонида мешаванд. Ин тадбирҳо то анҷом ёфтани паҳншавии бемории  сироятии COVID-19 дар тамоми ҷаҳон идома меёбанд.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ “Ховар” хабар доданд,  ин тадбирҳо бо мақсади пешгирӣ аз сирояти коронавирус анҷом ёфта, роҳҳои мошингарди пойтахт асосан шабона безарар гардонида мешаванд ва  он набояд сабаби ба таҳлука афтодани сокинони шаҳр гардад.

«Баҳри пешгирӣ ва бартараф кардани ҳар гуна бемориҳои сироятӣ дар муассисаҳои дахлдори шаҳри Душанбе, аз ҷумла «Обу корези Душанбе»  ба миқдори зарурӣ маҳлулҳои безараргардонӣ, сару либос барои мутахассисон ва дигар маводи соҳавӣ захира гардида, коркарди ҷойи ҷамъшавии одамон бо ин гуна маҳлулҳо мунтазам гузаронида мешавад»,-афзуд манбаъ.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон мерасонад, ки бо мақсади пешгирӣ аз бемории коронавирус  сокинони пойтахтро зарур аст, ки аз ҳар вақта дида   дар  тозаю озода нигоҳ доштани манзили зист ва риояи гигиенаи шахсӣ масъулияти баланд эҳсос намоянд.

Ёдовар мешавем, ки чандин моҳ аст, ки  бо қарори Раиси шаҳри Душанбе дар  муассисаҳои тандурустию маориф ва дигар ташкилоту  идораҳои пойтахт, новобаста аз шакли моликият корҳои  безараргардонии бино ва фаҳмондадиҳӣ  бо сокинони шаҳр  оид ба пешгирии коронавирус  ба роҳ монда шудаанд.

Дар Душанбе  бо мақсади пешгирӣ аз  бемориҳои сироятӣ  безараргардонии сартосарӣ   пурзӯр  мегардад

Источник: khovar.tj