Дар Душанбе барои таҷлили Рӯзи Президент омодагӣ мебинанд

0
119

Дар Душанбе барои таҷлили Рӯзи Президент омодагӣ мебинанд

ДУШАНБЕ, 13.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ  нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар бораи омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  тасдиқ  гардид. Дар ин бора аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Тибқи иттилои манбаъ, бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил намудани Рӯзи Президент дар шаҳри Душанбе   дар доираи  нақшаи чорабиниҳои  тасдиқшуда   баргузории конференсияҳои илмӣ – назариявӣ,  барномаҳои фарҳангию фароғатӣ барои сокинону меҳмонони пойтахт  ва  мусобиқаҳои варзишӣ дар назар дошта шудааст. Аз ҷумла, баргузории ҳамоиши тантанавӣ таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон-Пешвои миллат ва Президенти мардумии Тоҷикистони соҳибистиқлол»  дар назар аст.

Тибқи қарори дахлдори  Раиси шаҳри Душанбе,  муовинони Раиси шаҳр,  раисони ноҳияҳои пойтахт, роҳбарони сохторҳои марбутаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои  таъмини  иҷрои саривақтии нақшаи чорабинии мазкур  вазифадор гардидаанд.

Ёдовар мешавем, ки  15 апрели соли 2016 вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мавриди ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» баррасӣ ва қабул карданд. Минбаъд дар асоси он ҳамасола 16 ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  бидуни истироҳат таҷлил карда мешавад.

Источник: khovar.tj