Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон ва Франсия баррасӣ гардид

0
153

Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон ва Франсия баррасӣ гардид

ДУШАНБЕ, 05.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. 4 март Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Намояндаи хоси Вазири Аврупо ва корҳои хориҷии Франсия доир ба масъалаҳои дипломатияи иқтисодӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ Паскал Лороро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар мулоқот густариши масъалаҳои тавсеаи муносибатҳои дуҷониба дар заминаҳои гуногун, аз ҷумла натиҷаҳои сафари расмии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Франсия 7-12 ноябри соли 2019 баррасӣ шуда, пиромуни ҳамкории Тоҷикистону Франсия дар чаҳорчӯби созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор сурат гирифт.

Акс аз ВКХ ҶТ

 

Источник: khovar.tj