Дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои маҳфили «Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта» баргузор шуд

0
271

Дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои маҳфили «Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта» баргузор шуд

ДУШАНБЕ, 08.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои маҳфили «Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта» ба таври робитаи мустақими телевизионӣ (телемост) баргузор гардид.

Дар он раиси Шӯро, Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода, Директори Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои  байналмилалӣ»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  Исматулло Шодиев, ноиби раиси Анҷумани фарҳангӣ – иҷтимоии иттиҳодияҳои тоҷикони Қазоқистон Иноятуллохон  Валиев, Роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази миллӣ-фарҳангии Сомониён» дар шаҳри Ивановои Федератсияи Россия Илҳомҷон Бобоев, муовини роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии фарҳангии «Иттифоқ»  дар шаҳри Саратови Федератсияи Россия Идихуҷа Давлатов,  сардори Раёсати кор бо давлатҳои ЮНЕСКО-и Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Бурҳон ва дигар намояндагони ҷамъиятҳо ва  ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикони бурунмарзӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Раиси  Шӯро Аҳтам Абдуллозода  зикр намуд, ки  Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд сол қабл ҳамкориро бо донишҷӯёни дар хориҷи мамлакат таҳсилдошта ба роҳ монд. Ҳоло дар ин замина Шӯрои кор бо ҷавонони дар хориҷи ҷумҳурӣ таҳсилдошта  таъсис ёфта, ҳамкорӣ хуб ба роҳ монда шудааст.

«Бо боварии комил метавон гуфт, ки вохӯрии  имрӯза бо намояндагони ҷамъиятҳо барои тақвияти кори Шӯрои миллии кор бо ҷавонон замима фароҳам меоварад. Мақсад аз баргузории ҳамоиши  имрӯза-ин бори дигар  баррасӣ кардани масъалаҳои ҷойдошта мебошад.  Имрӯз  ҷавононе, ки дар хориҷи мамлакат таҳсил мекунанд, пайваста бо мо дар иртибот буда, аз мушкилоти худ моро огоҳ месозанд. Бояд гуфт, ки имрӯз қувваи ҷавонон барои  мо хеле зарур мебошад.  Танҳо дар такя бар қувваи ҳамдигар дар шароити имрӯзаи рушд мо метавонем ба ҳадафҳои олии худ бирасем. Мақсади асосии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш  низ аз ҷамъ овардани аъзои маҳфил ва пешбурди кори Шӯро он аст, ки  ҷавонони тоҷик дар хориҷ аз кишварамон ба ҳар гуна амалҳои ношоям даст назананд. Метавон гуфт, ки имрӯз  нақши ҷамъиятҳои тоҷикон дар хориҷа  бисёр муҳим арзёбӣ мешавад.  Зеро   танҳо онҳо метавонанд аввалин шуда,  дар лаҳзаҳои сахттарин  ва мушкилоти пешомада ба  донишҷӯёни тоҷик кумак расонанд»,-гуфт Аҳтам Абдуллозода.

Дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои маҳфили «Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта» баргузор шуд Дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои маҳфили «Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта» баргузор шуд

Директори Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои  байналмилалӣ»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  Исматулло Шодиев аз дастгирии ҷавонон дар соҳаи маориф сухан карда,  иброз  дошт, ки  Маркази барномаҳои  байналмилалӣ бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис  ёфтааст.  Аз соли 2005 дар ин марказ Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин карда шудааст. Тибқи ин стипендия, 566 нафар ҷавонони тоҷик  дар зинаҳои гуногун барои омӯхтани таҷрибаи пешрафтаи давлатҳои мутамаддини дунё дар хориҷа таҳсили илм намудаанд. Айни замон 86 нафари онҳо дар хориҷ аз мамлакат таҳсил намуда, боқимонда пас аз хатми муассисаҳои олии таълимӣ ба Тоҷикистон баргашта, дар идороти давлатӣ фаъолият карда истодаанд.

«Ҳоло тибқи барномаҳои гуногун Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои  байналмилалӣ»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандони ҷумҳуриро барои таҳсил дар хориҷи мамлакат сафарбар менамояд. Пешвои миллат дар ҳар як сафари худ нисбат ба тайёр намудани кадрҳои баландихтисос ва рушди соҳаи маориф диққати махсус дода, бо ин мақсад шартномаҳои зиёде ба имзо расонидаанд»,- гуфт номбурда.

Ба зикри ноиби  раиси Анҷумани фарҳангӣ–иҷтимоии иттиҳодияҳои тоҷикони Қазоқистон Иноятуллохон  Валиев, ҳоло тоҷикони Ҷумҳурии Қазоқистон бо вуҷуди берун аз Ватан қарор доштанашон, ба равандҳои сиёсиву  иҷтимоии   Тоҷикистон бетараф нестанд. Онҳо дар тамоми чорабиниҳо фаъолона ширкат намуда, мавқеи шаҳрвандии худро бо масъулияти том муайян месозанд.

Ба ибрози номбурда, имрӯз Анҷумани мазкур ҳамеша ҷавонони дар Қазоқистон таҳсилдоштаро дастгирӣ намуда, аз ҳолу зиндагии онҳо огоҳ аст.

«Дар тамоми дунё гурӯҳҳои бадхоҳи ин ё он миллат қарор доранд ва баҳри расидан ба ниятҳои бадхоҳонаи худ, аз ҷавонон истифода мебаранд. Аз  ин рӯ, аз тамоми ҷавонони дар хориҷи мамлакат таҳсилдошта даъват ба амал оварда мешавад, ки ҳушёрӣ ва зиракии сиёсиро аз даст надода, пайваста пайи омӯхтани илму дониш бошанд, то фирефтаи гурӯҳҳои манфиатҷӯ нагарданд»,- мегӯяд Иноятуллохон  Валиев.

«Маҳфили «Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта» аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2014 таъсис ёфта, ҳоло  дар 16 давлати дунё  намояндагии худро дорад»,- гуфт роҳбари Маҳфил Каримҷон Салимзода.

Мавсуф илова намуд, ки мақсади асосии ташкил ва ба роҳ мондани фаъолияти маҳфили мазкур, пеш аз ҳама, таҳкими худшиносии миллӣ дар замири ҷавонон, густариши ҳисси хештаншиносӣ ва баланд бардоштани маърифати ватандӯстии ҷавонон дар хориҷ аз мамлакат мебошад. Хушбахтона, имрӯз барои кормандони соҳаи кор бо ҷавонон имкон фароҳам омад, ки дар шаҳри Душанбе бо иштироки як гурӯҳ роҳбарон ва намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикони бурунмарзӣ ва намояндагони ҷамъиятҳо Шӯрои навбатии Маҳфили «Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта» доир карда шавад. Зеро баргузории чунин Шӯро дар назди маҳфил муҳим ва саривақтӣ буда, он метавонад дар халли мушкилоти ҷавонон саҳми назаррас дошта бошад. Метавон гуфт, ки кори Маҳфили «Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта»  рӯз то рӯз беҳтар мегардад.

Дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои маҳфили «Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта» баргузор шуд«То имрӯз беш аз 30 ҳазор нафар ҷавонон дар 56 давлати дунё таҳсили илм доранд. Мо тасмим гирифтем, ки намояндагии худро дар Франсия, Британияи Кабир ва Полша таъсис диҳем.  Чун дар ин ҷо шумораи зиёди ҷавонон таҳсил намуда, таъсис додани намояндагии маҳфил муҳим мебошад.  Бояд гуфт, ки дар як сол 3 маротиба  ҷаласаи Шӯрои Маҳфили «Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта» доир карда мешавад. Ҳадаф аз баргузории Шӯро-баррасии мушкилот  ва дастовардҳои донишҷӯёни тоҷик дар хориҷа мебошад»,- баён дошт Каримҷон Салимзода.

Бино ба иттилои  роҳбари Маҳфили «Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта» дар Федератсияи Россия Хусрав Аюбов,  ҳоло дар 25 минтақаи Россия намояндагиҳои маҳфил фаъолият намуда, дар назди ҳар яки он беш аз 3 ҳазор аъзо мавҷуданд. Имрӯз Маҳфили ҷавонон дар ҳамкорӣ бо намояндагии дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия дар баррасии мушкилоту пешрафти донишҷӯёни тоҷик мусоидат менамояд.

Дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои маҳфили «Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта» баргузор шуд«Донишҷӯёни тоҷик дар Федератсияи Россия пайваста урфу одат ва фарҳанги миллати хешро муаррифӣ менамоянд ва номбардори неки Тоҷикистон мебошанд»,- гуфт  Хусрав Аюбов.

Ёдовар мешавем, ки донишҷӯёни тоҷики  дар хориҷ аз  ҷумҳурӣ таҳсилдошта дар ҷаласаи Шӯрои маҳфил ба таври робитаи мустақими телевизионӣ (телемост) иштирок намуда, аз  мушкилот ва дастовардҳои  худ  сухан карданд.

Холисаи АСОМИДДИН,
АМИТ «Ховар»

Источник: khovar.tj