Дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои маҳфили «Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта» баргузор мегардад

0
196

Дар  Душанбе ҷаласаи Шӯрои маҳфили «Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта» баргузор мегардад

ДУШАНБЕ, 02.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. 8 ноябр дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои маҳфили «Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта» баргузор мегардад.

Роҳбари Маҳфили «Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта»  Каримҷон Салимзода аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки шӯрои мазкур  тариқи онлайн баргузор шуда, дар он иштироки роҳбарон ва намояндагони ҷамъиятҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикони беш аз 25 минтақаи Федератсияи Россия,  намояндагони ҷамъиятҳо аз Қазоқистон ва Қирғизистон дар назар аст.

Мақсад аз баргузории Шӯро- ин тақвияти кори Маҳфили «Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта», ташаккули кори маҳфил, баррасии дастоварду музаффариятҳои маҳфил дар соли 2019, натиҷагирӣ аз Анҷумани V маҳфил, ки аз 12 то 16 августи соли 2019 дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид ва омодагӣ ба Шӯрои умумироссиягии маҳфил, ки моҳи ноябри соли равон дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия доир мегардад, мебошад.

Маҳфили  «Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта» аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2014 таъсис ёфтааст.  Ҳоло  маҳфили мазкур дар 16 давлати дунё  намояндагии худро дорад. Шумораи аъзои маҳфиле, ки дар хориҷ аз  мамлакат таҳсил доранд, беш аз 30 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Маҳфили мазкур  дар ҳамкорӣ бо намояндагии дипломатиии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи мамлакат дар баррасии мушкилоту пешрафти донишҷӯёни тоҷик мусоидат менамояд.

Ёдовар мешавем, ки донишҷӯёни тоҷике, ки  дар хориҷ аз  ҷумҳурӣ таҳсил доранд, тариқи онлайн (мустақим) дар Шӯрои маҳфил иштирок намуда, аз  мушкилот ва дастовардҳои  донишҷӯёни тоҷик дар давлатҳои хориҷӣ сухан мекунанд.

 

Источник: khovar.tj