Дар Душанбе ҷаласаи Платформаи миллии коҳиши хатари офатҳо гузаронида шуд

0
158

Дар Душанбе ҷаласаи Платформаи миллии коҳиши хатари офатҳо гузаронида шуд

ДУШАНБЕ, 07.12.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Платформаи миллии коҳиши хатари офатҳо баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласаи мазкур, ки 6 декабр доир шуд, муовини аввали Раиси Платформаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба коҳиши хатари офатҳо, Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Рустам Назарзода, аъзои Платформаи миллӣ ва шарикони рушд иштирок намуданд.

Дар ҷаласа масъалаҳои вобаста ба гузаронидани чорабиниҳо оид ба омодагии хадамоти роҳу нақлиёт ба офатҳои табиӣ дар мавсими зимистон, натиҷаи маблағгузории чорабиниҳо оид ба пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ, натиҷаҳои таҳлилҳои муҳандисиву геологии ҷойҳои хатарнок ба равандҳои экзогенӣ ва ғайра баррасӣ шуданд.

Иштирокдорон оид ба масъалаи натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ дар ҷодаи бехатарии сейсмикӣ ва намудҳои нави зараррасонҳо ва лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар соҳаи коҳиши хатари офатҳо, аз ҷумла лоиҳаи Бонки Осиёии Рушд ва лоиҳаи фаромарзии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар мубодилаи афкор намуданд.

Гуфта мешавад, ки дар ҷаласа ҷиҳати татбиқи Стратегияи миллии коҳиши хатари офатҳои табиӣ барои солҳои 2019-2030 ва ҷараёни татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии сейсмикӣ» лоиҳаи Барномаи миёнамуҳлати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд барои солҳои 2019-2020 тасдиқ карда шуд.

Источник: khovar.tj