Дар Душанбе 40 нафар бонувон аз оилаҳои ниёзманд ҳунари қолинбофӣ меомӯзанд

0
160

Дар Душанбе  40 нафар бонувон аз оилаҳои ниёзманд ҳунари қолинбофӣ меомӯзанд

ДУШАНБЕ, 28.02.2020. /АМИТ «Ховар»/.  Бо ташаббуси Раёсати кор бо занон ва оилаи  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе курси омӯзишии «Бонуи ҳунар» ташкил гардид, ки дар он мутахассисони соҳа ба 40 нафар ҷавондухтарону занон аз оилаҳои ниёзманди   пойтахт ҳунари қолинбофӣ меомӯзанд.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар маросими кушодашавии курси мазкур сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи шаҳри Душанбе Наргис Шарифзода зикр кард, ки  иқдоми мазкур бо супориш ва қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам  Рустами Эмомалӣ сурат гирифтааст.

 

Дар Душанбе  40 нафар бонувон аз оилаҳои ниёзманд ҳунари қолинбофӣ меомӯзанд«Рустами Эмомалӣ ба масъулин супориш доданд, ки барои омӯхтани касбу ҳунар ба ҷавондухтарону занони пойтахт  аз оилаҳои ниёзманд  тадбирҳои зарурӣ андешанд. Раиси шаҳр махсусан зикр карданд, ки ба ин бонувон на танҳо дар омӯзиши касбу ҳунар, балки дар пайдо намудани ҷои кор ва таъмини зиндагии арзанда кумак бояд кард. Бо ҳамин мақсад соли дуюм аст, ки чунин курсҳои омӯзишӣ барои онҳо гузаронида мешаванд»,- афзуд Н.Шарифзода.

Номбурда ҳамчунин иттилоъ дод, ки то имрӯз 170 нафар бонувон аз оилаҳои ниёзманд ба курсҳои омӯзишӣ фаро гирифта  шуда, ҳунари қаннодӣ, дӯзандагӣ, попурдӯзиро аз худ намудаанд. Баъди хатми курс бонувон  соҳиби сертификати тасдиқкунандаи ҳунар гардиданд, ки барои пайдо намудани кор ба онҳо мусоидат кард.

Курсҳои омӯзишӣ  дар Муассисаи давлатии «Маркази таълимии калонсолони Точикистон»  баргузор гардида, ба ҳунаромӯзон беҳтарин мутахассисон дарс мегӯянд.

Дар Душанбе  40 нафар бонувон аз оилаҳои ниёзманд ҳунари қолинбофӣ меомӯзанд Дар Душанбе  40 нафар бонувон аз оилаҳои ниёзманд ҳунари қолинбофӣ меомӯзанд

Источник: khovar.tj