Дар Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон 3 ихтисоси нав, аз ҷумла технология ва таҷҳизоти саноати заргарӣ ба роҳ монда шуд

0
288

Дар Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон 3 ихтисоси нав, аз ҷумла технология ва таҷҳизоти саноати заргарӣ ба роҳ монда шуд

ХУҶАНД, 14.02.2020. /АМИТ «Ховар»/.  Бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон аз соли хониши 2018-2019 сар карда, қабули довталабон аз рӯи 3 ихтисоси нав – менеҷменти экологӣ ва аудит дар саноат, технология ва таҷҳизоти саноати заргарӣ ва технологияи химиявии моддаҳои ғайриорганикӣ, мавод ва маҳсулот ба роҳ монда шуд. Дар ин бора ва паҳлӯҳои дигари фаъолияти муассиса ректори Донишкада Мухтор Фозилзода зимни нишасти матбуотии ин ниҳод ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Донишкадаи кӯҳӣ–металлургии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд давоми 13 соли таъсис яке аз таълимгоҳҳои омодакунандаи мутахассисони соҳаҳои гуногуни коргоҳҳои кӯҳӣ-металлургии мамлакат маҳсуб мешавад.

Ҳоло дар донишкада 3 факулта — корҳои кӯҳӣ, металлургия ва электромеханика амал намуда, аз рӯи 18 ихтисоси равияи кӯҳӣ- металлургӣ ва як ихтисоси бакалаврӣ – иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот  мутахассисон омода мегарданд.

Донишкада дар самти таъмини хатмкунандагон бо ҷои кори доимӣ қариб бо 100 коргоҳи соҳавӣ-саноатӣ шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидааст. Ҳамзамон барои сайқал додани дониши азхудкарда донишҷӯёни курсҳои якум, дуюм ва сеюм барои таҷрибаомӯзии таълимӣ-шиносоӣ ва истеҳсолӣ ба корхонаҳои соҳавии миқёси вилоят ва ҷумҳурӣ сафарбар карда мешаванд.

Дар самти ҳамкорӣ бо мактабҳои олии давлатҳои хориҷӣ имрӯз донишкада бо 40 муассисаи олӣ ва илмӣ-техникии дохили мамлакат  ва хориҷи он шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидааст.

-Ҳоло дар Донишкада 3230 нафар донишҷӯён, магистрантон ва аспирантон таҳсил дошта, аз онҳо 93 нафарашон донишҷӯён аз ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Афғонистон мебошанд. Ҳамаи онҳо бо хобгоҳ ва шароити хуби таҳсил таъминанд,-иброз дошт ректори донишкада М.Фозилзода.

Источник: khovar.tj