Дар Донишгоҳи давлатии Данғара доир ба нақши ҷавонон дар тарғиби арзишҳои миллӣ ҳамоиш сурат мегирад

0
229

Дар  Донишгоҳи давлатии  Данғара  доир ба  нақши ҷавонон дар тарғиби арзишҳои миллӣ ҳамоиш сурат мегирад

ДУШАНБЕ, 04.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. 5 ноябр  бахшида ба 25-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии  Данғара таҳти унвони «Нақши ҷавонон дар тарғиби ғоя ва арзишҳои миллӣ» ҳамоиш доир мегардад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҳамоиши мазкур бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш  роҳандозӣ шуда, дар он  иштироки олимон ва муҳаққиқони тамоми муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии мамлакат дар назар дошта шудааст.

Зимни баргузории ҳамоиш масъалаи ҷавонон ва нақши  онҳо дар тарғиби арзишҳои миллӣ  мавриди  таҳлилу баррасии ҳамаҷониба қарор мегирад.

Дар заминаи ҳамоиш таҳти унвони «Нақши ҷавонон дар тарғиби ғоя ва арзишҳои миллӣ» баргузории Шӯрои олимони ҷавони Тоҷикистон дар назар дошта шудааст.

Источник: khovar.tj