Дар ДМТ бахшида ба Рӯзи байналмилалии забони модарӣ конфронс баргузор гардид

0
85

Дар ДМТ  бахшида  ба Рӯзи байналмилалии забони модарӣ  конфронс баргузор  гардид

ДУШАНБЕ, 18.02.2020. /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ доир ба мавзӯи «Масъалаҳои мубрами услубшиносии забони тоҷикӣ» баргузор гардид. Конфронси мазкур ба Рӯзи байналмилалии забони модарӣ бахшида шуд.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар конфронс олимону  коршиносон доир ба мавзӯи  мавриди назар маърӯза карданд.

Нотиқон, аз ҷумла зикр карданд, ки ҳамасола  21 феврал дар ҷаҳон  Рӯзи  байналмилалии забони модарӣ таҷлил карда мешавад. Ин рӯз дар иҷлосияи 30-юми конфронси генералии ЮНЕСКО, ки 17 ноябри соли 1999 баргузор гардида буд, бо мақсади ҳифзи забонҳо ва фарҳангҳои гуногуни ҷаҳон эълон шуд.

Ба ақидаи забоншиносон, иқдоми ЮНЕСКО дар масъалаи қабули Рӯзи байналмилалии забони модарӣ-ин даъват кардани давлатҳои рӯйи олам ба эҳтирому арҷгузорӣ ва ҳимояи ҳамаи забонҳо, аз ҷумла забонҳои ақаллиятҳои миллиест, ки дар замони ҷаҳонишавӣ ба онҳо хавфи нобудӣ таҳдид мекунад.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар баробари рушд ва вусъати бештар пайдо намудани доираи нуфузи забони давлатӣ, ҷиҳати инкишофи забон ва фарҳанги ақаллиятҳои миллии муқими Тоҷикистон тадбирҳои зиёд амалӣ менамояд. Санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки дар бораи забон қабул шудаанд, ҳифзи забони давлатӣ ва дигар забонҳои ҳудуди ҷумҳуриро таъмин менамоянд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар суханрониҳои хеш масъалаи поку беолоиш нигоҳ доштани забони давлатӣ ва баланд бардоштани мақоми онро дар ҷомеа ба миён мегузоранд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари забони давлатӣ барои истифодаи озоди забонҳои модарии намояндагони дигар миллату халқиятҳои сокини мамлакат тамоми шароит ва заминаҳои ҳуқуқӣ муҳайё гардидаанд.

Источник: khovar.tj