Дар Деҳлии Нав иҷлосияи 11-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардид

0
111

Дар Деҳлии Нав иҷлосияи 11-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 25.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. 24 феврал дар Деҳлии Нав иҷлосияи 11-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон роҷеъ ба ҳамкории иқтисодӣ, илмӣ ва фаннӣ баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Тоҷикистон дар Ҳиндустон хабар медиҳад.

Дар маросими кушодашавӣ роҳбари ҳайати Тоҷикистон- муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Тоҷиддин Ҷӯразода ва муовини Вазири савдо ва саноати Ҳиндустон Ануп Вадҳаван суханронӣ намуда, оид ба манфиатдории тарафҳо ҷиҳати пешбурди воқеии ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаҳои гуногуни иқтисодию тиҷоратӣ ибрози умедворӣ карданд.

Аз натиҷаи 11-умин Комиссияи муштараки байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон роҷеъ ба ҳамкории иқтисодӣ, илмӣ ва фаннӣ Протокол ба имзо расид.

Акс аз Сафорати Тоҷикистон дар Ҳиндустон

Источник: khovar.tj