Дар Чин шумораи қурбониёни коронавирус ба 1770 нафар расид

0
87

Дар Чин шумораи қурбониёни коронавирус ба 1770 нафар расид

ДУШАНБЕ, 17.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Чин шумораи ҳодисаҳои тасдиқшудаи сироятёбӣ аз коронавируси нав COVID-2019 ба 70,5 ҳазор нафар расид. Табибон вазъи 10.6 ҳазор беморро вазнин арзёбӣ менамоянд. 1770 нафари дигар вафот карданд. Як рӯз қабл дар бораи 68,5 ҳазор сироятёфтагон ва 1665 қурбонӣ иттилоъ расида буд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба «РИА Новости» хабар медиҳад.

Кумитаи давлатии тандурустии Чин зимни интишори ин хабар зикр менамояд, ки тақрибан 11 ҳазор нафар шифо ёфта, аз беморхонаҳо ҷавоб дода шуданд. Тибқи маълумоти алоҳидаи овардашуда, дар Ҳонконг 57 ҳодисаи сироятёфта (1 нафар вафот карда, 2 каси дигар шифо ёфтаанд), дар Макао 10 ҳодиса (5 нафар аллакай шифо ёфтаанд) ва дар Тайван 20 ҳодиса (1 нафар фавтид ва 2 каси дигар шифо ёфтанд) ба қайд гирифта шудаанд.

Рӯзи якшанбе дар музофоти шарқии Чжэтсзян истеҳсоли аввалин дору, ки метавонад воситаи муассир дар мубориза бар зидди коронавирус бошад, шурӯъ шуд. Мақомот мегӯянд, ин аввалин дору дар кишвар аст, ки ба он барои ворид кардан ба феҳристи доруҳое, ки метавонанд дар табобати COVID-2019 муассир бошанд, расман иҷозат дода шуд.

АКС: Zhang Yuwei/Xinhua via AP

Источник: khovar.tj