Дар Британияи Кабир 36 гирифтори бемории коронавирус ошкор гардид

0
154

Дар Британияи Кабир 36 гирифтори бемории коронавирус ошкор гардид

ДУШАНБЕ, 02.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Боз дар 13 бемори  дигар дар Британияи Кабир мавҷудияти вируси COVID-19 тасдиқ гашт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ВВС. 

Аз 12 нафари мубталошуда 3 нафари онҳо  бо шахсе қаробати  наздик доштаанд, ки  қаблан бемориаш тасдиқ гашта буд, гуфт сардухтури Англия профессор Крисс Уитти.

Яке аз  сироятёфтагон, ки дар графигарии Эссекс зиндагӣ мекард, вақтҳои охир ба хориҷа сафар надошт ва тавре табибон мегӯянд, бо беморони дигар низ  дар иртибот набуд. Алҳол маълум нест, ки ин шахс чӣ гуна сироят ёфтааст.

Ҳашт нафари боқимонда онҳоеанд, ки  6 нафарашон ба наздикӣ аз Италия ва 2 нафари дигар  аз Эрон баргаштаанд.

Рӯзи ҷумъаи гузашта, дар графигари Саррей як бемори нав бо омилҳои номаълуми паҳншавии сироят  сабт гардид.

Баъдан нахустин  ҳолати тасдиқшудаи коронавирус  дар Шотландия маълум гардид. Беморе, ки ба наздикӣ аз Италия баргашт, дар бемористон ҷудо аз дигарон табобат меёбад.

Дар умум, айни ҳол дар Британияи Кабир 36 нафар гирифторони бемории коронавирус  вуҷуд доранд.

Рӯзи якшанбе Вазорати корҳои хориҷии Британия аз сафоратхонаи Теҳрон  бозхондани кормандони худро  эълон намуд.

Коронавирус  тадриҷан  Аврупоро  ҳам фаро мегирад: нахустин ҳолатҳои сироятёбӣ қаблан дар Австрия ва Хорватия, Норвегия, Руминия, Финландия, Нидерландия, Дания ва Эстония  ба қайд гирифта шуда буданд.  Ҳолатҳои нави сироятёбии коронавируси COVID-2019  дар Германия  сабт шудаанд. Дар Аврупо ҳолати аз ҳама ташвишовар дар Италия мебошад, ки қурбониёни ин беморӣ  аллакай  17 нафаранд.

Источник: khovar.tj