Дар Брест ҷаласаи муштараки Шӯрои ҳамкории гуманитарӣ ва Раёсати Бунёди байнидавлатии ҳамкории гуманитарии давлатҳои ИДМ доир мешавад

0
158

Дар Брест ҷаласаи муштараки Шӯрои ҳамкории гуманитарӣ ва Раёсати Бунёди байнидавлатии ҳамкории гуманитарии давлатҳои ИДМ доир мешавад

ДУШАНБЕ, 07.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. 9 декабр дар шаҳри Брести Беларус ҷаласаи муштараки Шӯрои ҳамкории гуманитарӣ ва Раёсати Бунёди байнидавлатии ҳамкории гуманитарии (БДҲГ) давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор мешавад.

Дар ҷаласа муовини аввали раиси Кумитаи иҷроия — Котиби иҷроияи ИДМ Виктор Гуминский иштирок хоҳад кард.

Интизор меравад, ки иштирокчиёни ҷаласа нақшаҳои чорабиниҳое (лоиҳаҳое)-ро, ки бо дастгирии БДҲГ солҳои 2020-2021 татбиқ карда мешаванд, тасдиқ намуда, ташкили Форуми XV зиёиёни эҷодкор ва илмӣ, инчунин ташаббуси ҷониби Россияро оид ба таъсиси Комиссияи таърихнигорон ва ҳуҷҷатнигорон ҷиҳати муқовимат бо сохтакории таърих мавриди муҳокима қарор медиҳанд.

Дар ҷаласа ҳамчунин баррасии мавзӯъҳои солҳои 2022-2023 дар ИДМ ва татбиқи Барномаи байнидавлатии «Пойтахтҳои фарҳангии Иттиҳод» дар соли 2022 дар назар аст. Иштирокчиёни ҷаласаи муштарак инчунин Соли китобро дар Иттиҳод, иҷрои Нақшаи чорабиниҳои афзалиятнокро барои ҳамкории гуманитарии давлатҳои ИДМ ва инчунин лоиҳаи Нақшаи шабеҳро барои солҳои 2021-2022 баррасӣ мекунанд.

Илова бар ин, зимни ҷаласаҳо мавзӯъҳои ҳамгироӣ бо Шӯрои ҳамкорӣ дар соҳаи маориф дар масоили ҳифз, рушд ва паҳнкунии забони русӣ ҳамчун воситаи муҳимтарини ҳамгироии давлатҳо ва густариши шарикӣ байни ташкилотҳои таълимии давлатҳои ИДМ бо мақсади таҳкими ҳамкории байналмилалии гуманитарӣ дар Иттиҳод муҳокима карда мешаванд.

Худи ҳамон рӯз дар Брест маросими пӯшидашавии Барномаи байнидавлатии «Брест — пойтахти фарҳангии Иттиҳоди 2019» баргузор мегардад, ки зимни он мукофотҳои байналмилалии «Содружество дебютов» тақдим карда мешаванд.

Источник: khovar.tj