Дар Бонки миллӣ ба муносибати 25-солагии Конститутсия ҷамъомади тантанавӣ сурат пазируфт

0
171

Дар Бонки миллӣ ба муносибати 25-солагии Конститутсия ҷамъомади тантанавӣ сурат пазируфт

ДУШАНБЕ, 05.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон ба ифтихори 25-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ доир гардид. Сардори Идораи кормандони Бонки миллии Тоҷикистон Давлаҳмад Гадоев зикр кард, ки қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар таърихи давлатдории миллии мо рӯйдоди воқеан бузург мебошад.

Дар ибтидои ҷаласа аз нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳия ва қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ёдоварӣ гардид. Зикр шуд, ки қабули ин санади таърихӣ дастоварди бузурги мардуми мамлакат аст.

Конститутсияи Тоҷикистон истиқлолияти давлати тоҷиконро ба расмият дароварда, асосҳои сиёсиву ҳуқуқӣ ва самтҳои асосии таҳкиму пешрафти ояндаи онро мутобиқи меъёрҳои эътирофшудаи муосир муайян сохт. Дар Конститутсия марому мақсади халқи Тоҷикистон, ки аз бунёди ҷомеаи адолатпарвар иборат мебошад, дар асоси арзишҳои милливу умумибашарӣ, аз ҷумла қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон будан, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шуморидан, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф кардан, дарки масъулият дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда муайян карда шудааст.

Таъкид шуд, ки 6 ноябри соли 1994 мардуми шарифи  Тоҷикистон майлу иродаи худро доир ба қабули қонуни сарнавиштсоз, санаде, ки ҳуқуқу озодии инсон ва шаҳрвандро кафолат медиҳад ва бунёди устувори рушду такомули давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва иҷтимоӣ муайян менамояд, яъне Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул намудааст.

Ин аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби созмонҳои байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи башар ҳамчун беҳтарин санади қонунгузорӣ эътироф гардидааст.

Источник: khovar.tj