Дар Бохтар соатманора бо баландии 15 метр бунёд гардид

0
147

Дар Бохтар соатманора  бо  баландии  15 метр  бунёд гардид

ДУШАНБЕ, 24.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  хиёбони Ваҳдати шаҳри Бохтари вилояти Хатлон соатманораи бузург бунёд  гардид. Соатманора бо баландии 15 метр ва сутунпояи 5 метр сохта шуда, аз чор гӯшаи шаҳр баръало намудор аст.

Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи таҳлилию иттилоотии раиси вилояти Хатлон хабар медиҳад.

Иншоот бо фармоиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бунёд карда шуда, атрофи он бо гулҳои рангоранг оро ёфтааст. Айни замон соатманораи шаҳри Бохтар намунаи беҳтарини санъати меъморӣ  дониста шуда, ба ҳусни шаҳр зиннати бештар зам намудааст.

Дар сохтани сутунпояи иншоот маҳсулоти ватанӣ истифода ва он бо тарзи меъмории миллӣ сохта шудааст.

Ёдовар мешавем, ки ин соатманораи сеюм аст, ки дар мамлакат қомат меафрозад.

Источник: khovar.tj