Дар Боғи Камоли Хуҷандӣ корҳои тозаю тамизгардонӣ гузаронида шуданд

0
147

Дар Боғи Камоли Хуҷандӣ корҳои тозаю тамизгардонӣ гузаронида шуданд

ДУШАНБЕ, 27.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Масъулини гурӯҳи махсуси назорати карантинии милитсияи Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд  корҳои тамизгардонӣ гузарониданд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Тибқи дастури роҳбарияти мақомоти корҳои дохилӣ, бо мақсади пешгирии паҳншавии ҳар гуна касалиҳои сироятӣ шуъбаву гурӯҳҳои махсуси карантинии милитсияи ВКД барои тамизгардонии (дезинфекцияи) ҷойҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла боғҳои истироҳатӣ масъул гардонида шудаанд. Мутахассисон атрофи боғ, роҳраву гулгаштҳо ва майдончаҳои истироҳатиро пурра бо маҳлулҳои биохимикӣ тоза намуданд.

Корҳои пешгирикунандаи тамизгардонӣ дар ҳудуди ҳамаи боғҳои истироҳатии шаҳри Хуҷанд-Наврӯзгоҳ, Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ, маҷмааи фароғатии Исмоили Сомонӣ гузаронида шуда, минбаъд дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят низ ба роҳ монда мешаванд.

Источник: khovar.tj