Дар Беларус аввалин ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус ошкор гардид

0
67

Дар Беларус аввалин ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус ошкор гардид

ДУШАНБЕ, 28.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати тандурустии Беларус хабар дод, ки дар ҳудуди ин кишвар аввалин ҳолати сироятёбӣ аз коронавируси COVID-19 ба қайд гирифта шудааст. Ин ҳолат дар шаҳрванди Эрон, ки аз Озарбойҷон омадааст, ошкор гардидааст. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба БелТА хабар медиҳад.

«Дар Беларус аввалин ҳолати воридшудаи коронавирус ба қайд гирифта шуд. Хабар медиҳем, ки 27 феврал озмоишҳои дар Маркази ҷумҳуриявии илмӣ-амалии эпидемиологӣ ва микробиологӣ гузаронда мавҷудияти коронавируси 2019-nCoV-ро дар яке аз донишҷӯёни эронӣ нишон доданд», — омадааст дар иттилоияи Вазорати тандурустии Беларус.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки шахси сироятёфта 22 феврал аз Боку омадааст. Ҳоло ӯ ва онҳое, ки бо ин донишҷӯ  дар тамос буданд, дар ҳуҷраҳои пӯшидаи беморхонаи сироятии Минск ҷойгиранд.

Имрӯз дар бораи ошкор шудани аввалин ҳолати сирояти коронавирус мақомоти Зеландияи Нав, Нигерия ва Литва низ иттилоъ доданд.

Ёдовар мешавем, ки ҳолатҳои сироятёбӣ аз коронавируси COVID-19 бори аввал дар шаҳри Вуҳани Чин моҳи декабри соли 2019 ба қайд гирифта шуданд. Давоми ду моҳ танҳо дар Чин беш аз 2,7 ҳазор нафар вафот карда, беш аз 78 ҳазор кас сироят ёфтанд ва инчунин ҳолатҳои гирифторӣ ба ин беморӣ дар 44 кишвар, аз ҳама бештар дар Кореяи Ҷанубӣ, Италия ва Эрон ба қайд гирифта шуданд. Тибқи маълумоти Шӯрои ҷаҳонии сайёҳӣ ва саёҳат, соҳаи сайёҳӣ аз ҳисоби коронавируси нави COVID-19 метавонад на кам аз 22 миллиард доллар хисорот бинад.

                                                          АКС: «РИА Новости» © Антон Бистров

Источник: khovar.tj